22:32:32 02-уми Июни 2025 сол

ДАСТИКАМ 30 НАФАР ДАР ПОКИСТОН КУШТА ШУДАНД

Ба асари ҳамлаи як ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки гумон меравад мутааллиқ ба Амрико бошад, дар шимоли ғарби Покистон дастикам 30 нафар кушта шудаанд. Ин минтақа пойгоҳи асосии пайкорҷӯёни Алқоъида ва Толибон дар марз бо Афғонистон аст. Гузоришҳои зидду нақизе дар маврижи ҳуввияти кушташудагон мерасад.

 

Мақомоти иттилоъотии Покистон гуфтаанд кушташудагон пайкорҷӯён будаанд. Гузоришҳои дигар мегӯяд онҳо умдатан ғайринизомиён будаанд. Мақомоти маҳаллӣ ба хабарнигори Бибисӣ гуфтаанд мушак ба сохтмоне исобат карда, ки дар он бузургони қабилаӣ бар сари ихтилофот барои қаитъаоти замин баҳс мекарданд.

 

Хабарнигори Бибисӣ дар Покистон мегӯяд ин бузургтарин ҳамла аз ин навъ тайи чанд моҳи ахир аст. Покистон маъмулан аз анҷоми ин ҳамалот шикоят мекунад, агарчи бисёриҳо бар ин боваранд , ки хадамотии амниятии Покистон ҳадди ақал дар анҷоми бархе аз ин ҳамалот ҳамкорӣ мекунанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854