09:35:36 01-уми Июни 2025 сол

ҲАБСИ БЕШ АЗ ҲАЗОР ТАН АЗ МУХОЛИФИНИ ҲУКУМАТ ДАР ЭРОН

Мақомоти Эрон дар як соли ахир беш аз 1250 нафарро барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ваё барои ақоиди сиёсӣ ҳабс карданд.

iranИн иттилоъ дар гузориши Хонаи ҳуқуқи башари Эрон, як созмони мустақар дар хориҷи кишвар, оварда шудааст.

Муҷтоба Симинажод, як масъули ин созмон ба Радиои Фардо гуфтааст, ки миёни маҳбусон - 85 донишҷӯ, 165 пайрави аққалиятҳои мазҳабӣ, 129 фаъоли сиёсӣ, 129 фаъолони курд, 43 хабарнигору блогнавис, 40 фаъоли туркман, 20 фаъоли ҳуқуқи башар, аз ҷумла, ҳашт зани фаъоли ҳуқуқи башар ва ҳашт фаъоли араб ҳастанд.

Ба гуфтаи хонум Симинажод, бештари ин афрод дар Теҳрон боздошт шудаанд. Ӯ афзуд, ба ин феҳрист афроде, ки боздошти онҳоро пайвандон ваё мақомоти додгоҳӣ махфӣ нигаҳ доштаанд, шомил нашудаанд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854