21:32:45 02-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ШОҲЗОДА РАҲИМ ОҒОХОН БА ДУШАНБЕ

Тибқи иттилоъи масъулони Шабакаи Тавсеъаи Оғохон дар Тоҷикистон сафари шоҳзода Раҳим Оғохон, писари бузурги Карим Оғохони ҷаҳор, раҳбари исмоъилиҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон як рӯз ба таъвиқ афтодааст.

Бино ба иттилоъи ин манобеъ шоҳзода Раҳим Оғохон рӯзи 27 март вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд. Сабаби ба таъвиқ афтодани сафари шоҳзода Раҳим эълом нашудааст, аммо масъулони ин шабака дар Душанбе гуфтанд, ки ин амр ба сонеҳае, ки шоҳзода Раҳим дар Бишкек ба он рӯбарӯ шуд, рабт надорад.

Тибқи иттилоъи расонаҳои Қирғизистон рӯзи 23 марти соли ҷорӣ шоҳзода Раҳим Оғохон дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон ба сонеҳаи утумубилӣ дучор шудааст.

Бино ба ин гузоришҳо, ҳудуди соъати чаҳори пас аз зӯҳр дар хиёбони Фрунзеи пойтахти Қирғизистон минибуси мусофирбар босуръат бо утумубили Audi, ки шоҳзода Раҳим Оғохон дар дохили он буд, бархурд кард. Гузориш шудааст, ки дар пайи ин ҳодиса танҳо як мусофири минибус ба бемроистон мунтақил шуд.

Масъулони Шабакаи Тавсеъаи Оғохон дар Душанбе гуфтанд, ки вазъи саломати Раҳим Оғохон пас аз ин сонеҳа хуб буда ва “ӯ (шоҳзода Раҳим) пас аз ин ҳодиса боз дар чаҳор дидор ва мулоқоти барномарезишуда дар Бишкек ширкат кард."

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, қарор аст дар зарфи дидори худ аз Тоҷикистон Раҳим Оғохон бо бархе аз мақомоти кишвар дидор дошта ва аз раванди иҷроиши тарҳҳои Шабакаи Тавсеъаи Оғохон дар Тоҷикистон огоҳ шавад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854