ПИСАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲИЗБИ ҲОКИМРО ТАРК МЕКУНАД
Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, узвияти худ дар ҳизби халқӣ-демукроти Тоҷикистонро ба таълиқ даровардааст. Бар асоси иттилоъи як манбаъи ин ҳизб ин амр мутобиқи муқаррарот дар бораи таъиноти вай барои фаъолият дар яке аз идороти давлатӣ сурат мегирад.
Чанде қабл Рустами Эмомалӣ раиси бахши мубориза бо қочоқ ва нақзи муқаррароти гумрукии Идораи гумруки Тоҷикистон таъйин шуд ва ӯ дар ин симат рутбаи меҳодиро (майор) касб кард. Бар асоси муқаррароти мавҷуд дар қонуни кишвар кормандони нерӯҳои интизомӣ ҳаққи аъзогӣ ба аҳзоби сиёсиро надоштаанд.
Тавре, ки Усмон Солеҳов, масъули бахши иттилоъотии ҳизби халқӣ-демукроти Тоҷикистон ба хабаргузории “Asia Plus” гуфтааст, ин дархости оқои Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии ҳизб дар моҳи апрел баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ, дар интихоботи ахир намояндаи маҷлиси шаҳрӣ шуда буда ва ҳамакнун қарор аст вай аз намояндагии ҳизб дар маҷлиси шаҳрӣ низ канор бигирад.
Тибқи қонун кормандони нерӯҳои интизомӣ, ки идораи гумрук низ ба онҳо шомил мешавад, ҳаққи ҳамзамон иҷро кардани ду вазифа, аз ҷумла намояндагӣ дар маҷлисро надоранд. Рустами Эмомалӣ дар моҳи феврали соли 2010 дар интихоботи порлумонӣ ба ҳавзаи интихоботии шумораи 23 шаҳри Душанбе бо пешниҳоди ҳизби халқӣ-демукроти Тоҷикистон, номзад шуд ва дар миёни рақибонаш пирӯз гашт.
Раҳбарии ҳизби халқӣ-демукроти Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар бар ӯҳда дорад.
Рустами Эмомалии 23-сола мақомҳои муъовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ ва муъовини раиси Федеротсиюни футболи Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта, намояндаи маҷлиси шаҳри Душанбе, узви Кумитаи байналмилалии Шӯрои Улампики Осиё ва сарпарасти тими “Истиқлол”-и ин кишвар мебошад.
Қабл аз таъиноти ҷадидаш дар Идораи гумруки Тоҷикистон вай дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ сардори раёсати дастгирии соҳибкорӣ буд.
Би-Би-Си