БАРГУЗОРИИ ҶАШНИ ҶАҲОНИИ НАВРӮЗ ДАР ТЕҲРОН
Дувумин "ҷашни ҷаҳонии Наврӯз" бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ва бархе аз сарони кишварҳои минтақа дар маҷмуъаи Саъдободи Теҳрон оғоз ба кор кард. Ин маросим дорои бахшҳои мухталифе фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз кишварҳое назири Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқ ва Арманистон аст.
Давлати Эрон пештар эълом карда буд, ки ҷашни ҷаҳонии Наврӯзро дар Тахти Ҷамшед бо даъвати теъдоде аз руасои ҷумҳурӣ ва дигар мақомҳои кишварҳои минтақа баргузор хоҳад кард. Мақомҳои давлатӣ низ аз даъвати сарони 12 кишвар барои ширкат дар ин маросим дар ҷашнвораи Наврӯзи соли 1390 хуршедӣ (2011 мелодӣ) хабар дода буданд. Аммо ин барнома интиқодҳои мутаъаддидеро бавижа аз суи усулгароён ба ҳамроҳ дошт.
Пеш аз оғози соли ҷадид намояндагони маҷлиси Эрон да тазаккури катбӣ ба Маҳмуди Аҳмадинажод хостори лағви даъват аз подшоҳи Урдун барои ширкат дар Наврӯз шуданд. Алоуддин Буруҷардӣ, раиси кумисюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон ҳам гуфт, ки ин кумисюн дар интизори лағви расмии сафари подшоҳи Урдун ба Эрон аст.
Ин дар ҳоле аст ки Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҳамон замон эълом кард, ки даъват аз малик Абдуллоҳи дувум, подшоҳи Урдун моҳҳо пеш аз оғози эътирозҳо дар Урдун сурат гирифта буд.
Ҷомеъаи руҳонияти муборизи Шероз низ дар номае ба Маҳмуди Аҳмадинажод хостори лағви ҷашни ҷаҳонии Наврӯз шуд ва онро ба "навъе ақибгарди фарҳангӣ аз фарҳанги асили исломӣ" ташбеҳ кард.
Шумори дигаре аз мунтақидон низ тасмим ба баргузории ин маросимро ҳамзамон бо кушта шудани шиъиёни муътариз дар Баҳрайн тавассути давлати ин кишвар номуносиб унвон карда ва хостори лағви он шуданд.
Бархе дигар аз мухолифони баргузории ин маросим низ худи бузургдошти Наврӯз дар тахти Ҷамшедро ёдовари баргузории ҷашнҳои 2500 сола дар даврони ҳукумати Паҳлавӣ дониста ва онро ба унвони тарвиҷи миллигароӣ тавассути Маҳмуди Аҳмадинажод ва Исфандиёр Раҳими Машшоӣ, раиси дафтари раиси ҷумҳурӣ мавриди интиқод қарор доданд.
Гурӯҳе аз мунтақидон низ мегӯянд ҳаводорони давлат бо таъкид бар миллигароии эронӣ қасд доранд то орои мухолифони ҳукумати мазҳабии Эронро дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ба нафъи тайфи худ ҷазб кунанд. Дувумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар ҳоли ҳозир дар бахшҳои мухталиф дар ҳоли баргузорӣ аст.
Рӯнамоӣ аз ду арӯсаки "Аму Наврӯз" ва "Нана Сармо" дар марокизи зермаҷмуъаи муъовинати ҳунарии вазорати фарҳанг ва иршод аз ҷумлаи барномаҳои ин маросим аст. Аз замони сабт шудани ҷашни Наврӯз дар радифи мероси маънавии ҷаҳонӣ дар Созмони Миллали Муттаҳид, ки як сол пеш анҷом шуд, давлати Эрон талош карда то пештози баргузории ин ҷашн ба шакли минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бошад.
Дар соли дувуми раёсати Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон давлати вай дар садади баргузории ҷашни Наврӯз дар Тахти Ҷамшед баромад, аммо бар хилофи эъломи ҷузъиёти ин ҷашн оятуллоҳ Хоменаӣ, раҳбари Эрон тайи як суханронии умумӣ бо баргузории ҷашни Наврӯз дар Тахти Ҷамшед мухолифат кард ва амалан монеъ аз баргузории он шуд.
Аз замони истиқрори Ҷумҳурии Исломӣ раҳбарони эронӣ миллигароӣ ва ҳар гуна мазоҳири онро дар тазод бо исломгароӣ хондаанд ва бо он мубориза кардаанд, аммо давлати Маҳмуди Аҳмадинажод дар солҳои ахир гароиши камсобиқае ба ойинҳои бостонӣ ва миллии эронӣ нишон додааст.
Би-Би-Си