22:26:44 02-уми Июни 2025 сол

ДАВЛАТИ СУРИЯ ИСТЕЪФО КАРД

Ба дунболи беш аз як ҳафтаи нооромӣ телевизиюни давлатии Сурия эълом карда, ки давлати ин кишвар истеъфо дода ва Башор Асад низ ин истеъфоро пазируфтааст.

prime_ministerБа гузориши хабаргузории расмии Сурия Башор Асад ҳамчунин Маҳмуд Ноҷии Атрӣ, нахуствазири давлати мустаъфии Сурияро муҷаддадан ба унвони нахуствазири муваққати ин кишвар мансуб кардааст. Нозирон муътақиданд интисоби муҷаддади оқои Атрӣ эҳтимолан муҷиби нохушнудии мухолифон дар Сурия хоҳад шуд.

Интизор меравад таркиби давлати ояндаи Сурия дар чанд рӯзи оянда мушаххас шавад. Гузоришҳои пешин ҳокӣ буд, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар вокуниш ба нооромиҳои як ҳафтаи гузаштаи ин кишвар, ки муҷиби кушта шудани даҳҳо нафар шуда, дар рӯзҳои оянда як ришта барномаҳои ислоҳиро эълом хоҳад кард.

Ин ислоҳот аз ҷумла эҳтимолан шомили лағви вазъияти фавқулъодда аст, ки наздик ба панҷоҳ сол аз ба иҷро гузоштани он мегузарад. Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ бисёрӣ дар Сурия умедворанд, ки ба дунболи эъломи барномаи ислоҳоти раиси ҷумҳурӣ вазъи ин кишвар ором шавад.

Тазоҳуроти тарафдорони Башор Асад

Пештар даҳҳо ҳазор нафар аз мардум дар ҳимоят аз Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар маркази Димишқ даст ба тазоҳурот зада буданд. Тазоҳуркунандагон бо сар додани шиъорҳое монанди "Худо, Сурия, Башор Асад" ба ҳимоят аз раиси ҷумҳури Сурия пардохтанд.

asad_demonstraХабаргузории Ассошиэйтед Пресс гузориш дода, ки мадорис имрӯз дар Сурия таътил буданд ва ба кормандони давлат низ барои ширкат дар роҳпаймоии имрӯз ду соъат мураххасӣ дода шудааст. Интизор меравад мушобеҳи ин тазоҳурот, ки бо фарохони давлати Сурия баргузор шуда, дар соири шаҳрҳои ин кишвар низ баргузор шавад.

Пештар ва дар охирини ришта аз эътирозоти мардум маъмурони амниятии сурӣ рӯзи душанбеи 28 март барои мутафарриқ кардани садҳо тазоҳуркунанда дар шаҳри Даръо ба гози ашковар мутавассил шуда буданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ тазоҳуркунандагон хостори озодии сиёсӣ будаанд.

Ҳамчунин гузоришҳо ҳокӣ аз шунидани садои тирандозӣ дар ин шаҳр буд, аммо ин мавзуъ аз суи мақомоти давлатӣ рад шуд. Нооромиҳои Сурия аз шаҳри Даръо дар нуздаҳуми моҳи март оғоз шуд ва сипас ба чанд шаҳри дигари Сурия сироят кард. Ин бузургтарин хатаре аст, ки Башор Асад дар даврони раёсати ҷумҳурии худ аз соли 2000 то кунун бо он мувоҷеҳ будааст.

Вокунишҳо ба таҳаввулоти Сурия

Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии СиБиЭси Омрико дахолати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар таҳаввулоти Сурия ба шакле, ки дар Либӣ ҷараён дорадро рад кардааст.

Хонуми Клинтун хушунатҳо дар Сурияро тақбеҳ карда, аммо гуфта авзоъи Либӣ, ки дар он Муаммар Қаззофӣ аз нерӯи ҳавоӣ ва таслиҳоти низомии сангин алайҳи ғайринизомиён истифода кард, бо шароити кунунӣ дар Сурия мутафовит аст.

Ҳилорӣ Клинтун бо ишора ба вуҷуд надоштани тавофуқи байналмиллалӣ дар мавриди он чи дар Сурия ҷараён дорад, ба хабарнигори шабакаи телевизиюнии СиБиЭс гуфта бисёре аз намояндагони кунгураи Омрико аз ҳар ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демукрот, ки дар моҳҳои ахир аз Сурия дидор кардаанд, гуфтаанд, ки Башор Асад тарафдори ислоҳот дар Сурия аст.

Дар Эрон хабаргузориҳо ва сойтҳои тарафдолри давлат, ки дар рӯзҳои гузашта умдатан тазоҳуроти мухолифон дар Сурияро иғтишош номида бадунд, имрӯз ба пӯшиши густардаи хабарии тазоҳуроти тарафдори Башор Асад пардохтанд.

Муҳаммад Каримии Род, яке аз намояндагони маҷлиси Эрон низ нооромиҳои Сурияро бо дигар кишварҳои минтақа мутафовит дониста ва Ғарбро муттаҳам карда, ки қасд дорад Сурияро ноором кунад, то "манофеъи Исроил таъмин шавад."

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854