08:16:12 09-уми Июни 2025 сол

ЛАВРОВ: РУСИЯ ХОСТОРИ ҲАЛЛИ СИЁСИИ ҚАЗИЯИ ЛИБИЯ АСТ

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки кишвараш хостори хатми амалиёти низомӣ ва ҳалли сиёсиву дипломатии қазияи Либия аст.

lavrovИзҳороти Лавров дар ин бора дар поёни нишасти Шӯрои Руссия-НАТО дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ пахш шуд. Ин нишаст дар чаҳорчӯби ҷаласаи дурӯзаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Берлин баргузор шуд. Сергей Лавров ба зарурати шурӯъи музокирот миёни ҷонибҳои даргир дар Либия ишора кард ва интиқоли силоҳ ба ин кишварро маҳкум намуд.

Андерс фог Расмуссен, дабири кулли НАТО имрӯз дар нишасти Берлин гуфт, ки Паймон то истеъфои Қаззофӣ амалиёти низомиро дар Либия идома хоҳад дод. Аз ин пеш вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО хостори истеъфои Қаззофӣ шуда буданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854