СИПОСГУЗОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НЕРӮҲОИ ҚУДРАТӢ
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои қудратии ин кишвар, ки дар нобуд сохтани гурӯҳи "Мулло Абдулло" ширкат кардаанд ибрози сипос кардааст. Давлати Тоҷикистон гурӯҳи Абдулло Раҳимов мулаққаб ба "Мулло Абдуло"-ро як гурӯҳи терруристӣ мехонад.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент Раҳмон рӯзи душанбеи 18 апрел дар ҷаласаи корӣ бо раҳбарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон амният ва субот дар ин кишварро омили аслии рушди иқтисоду пешрафти ҷомеъа хонда ва сипас аз ниҳодҳои қудратӣ хостааст, то дар таҳкими субот ва ташдиди мубориза алайҳи ҷароим талош кунанд.
Зимнан, дар ҷараёни амалиёти вижаи нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дар авохири ҳафтаи гузашта дар водии Рашт, дар шарқи ин кишвар 14 тан аз пайкорҷӯёни мухолифи давлат кушта шудаанд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба “Мулло Абдулло” низ хабар дода ва гуфта буд, ки маъмурони давлатӣ дар ҳоли мушаххас кардани ҳувияти бархе дигар аз афроди кушташуда дар даргириҳоро ҳастанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни даргирӣ бо пайкорҷӯёни мухолифи давлат ду нафар аз "ихтиёриёне, ки бо нерӯҳои пулис ҳамкорӣ мекарданд," кушта ва ду маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон захмӣ шудаанд.
Давлати Тоҷикистон Мулло Абдуллоро дар ҳамла ба комюнҳои низомӣ дар авохири моҳи сентябри соли гузашта дар дараи Камароб, ки ба марги дастикам 26 низомӣ анҷомид, муқасир медонад. Дар пайи ин ҳодиса амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт, ки тайи ду соли ахир маҳалли даргириҳо байни нерӯҳои давлатӣ ва пайкорҷӯёни мухолифи давлат будааст, оғоз шуд.
Би-Би-Си