20:05:46 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ АЛАЙҲИ ХАБАРНИГОРИ «ИМРӮЗNEWS»

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо даъвои сарнозири ротаи бехатарии ҳаракати роҳи Воҳиди махсуси ВКД, Қаландар Нозиров алайҳи як сокини шаҳри Душанбе ва хабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews», Мирзомуроди Бозор парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.

Imruz NewsХабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews», Мирзомуроди Бозор бо шикояти ронандаи микроавтобуси тамғаи «Тангем» матлабе дар рӯзнома дар таърихи 4 марти соли 2011 таҳти унвони «06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» матлабе нашр намуд. Дар матлаб ронандае бо номи Маҳмадраҷаб Шарипов мегуфт, ки аз ӯ нозири роҳ, ки рақами сарисинагиаш 06008 барои вайрон кардани қоидаи роҳ 10 сомонӣ ришва гирифтааст.

Дар матлаб аз номи ронанда омадааст, ки баъд аз он ки автомашинаи ӯ аз ҷониби нозири роҳ нигоҳ дошта мешавад, нозир бемуаррифии худ ба ронанда дағалӣ намуда, таҳдид мекунад, ки ба маблағи аз 105 то 175 сомонӣ ҷарима мекунад. Дар натиҷа аз ронанда 10 сомонӣ маблағ мегирад. Ронанда бошад, иддаъо дорад, ки ӯ ягон қоидаи роҳро вайрон накардааст.

Хабарнигор ба Азизмурод Аслонов, сардори шӯъбаи ташвиқоти раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД дар тамос мешавад. Аслонов низ тасдиқ мекунад, ки аз номи чунин ронанда ба раёсати онҳо аризаи даъвоӣ ворид шудааст.

Нозири роҳ бошад, ба додгоҳ даъво бурдааст, ки бо ин матлаб ронанда ва хабарнигори рӯзнома ӯро беасос ва ғайриқонунӣ дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин (яъне гирифтани пора дар вақти пешбурди фаъолияти хизматӣ) дар миёни мардум таҳқир ва тӯҳмат намуда обрӯяшро паст задаанд. Гӯё аз ин амал ӯ худро дар назди ҳамкоронаш ва мардум беасос шармандаву беобрӯ ва аҳволи саломатиашро бад меҳисобад.

Бо чунин гуфтаҳо корманди БДА идаъо кардааст, ки алайҳи ронанда ва хабарнигори рӯзнома бо талаботи 135 (қисми 3) ва 136 (қисми 2 банди «б») КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад. Ҳамин тавр алайҳи ронанда ва хабарнигори рӯзнома парванда боз шуда, рӯзи 20-уми апрел (чаҳоршанбе) соати 8-и субҳ мурофиа баргузор мегардад. 

Дар ин бора ба сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» аз идораи рӯзномаи «ИмрӯзNews» хабар доданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi