01:08:32 03-уми Июни 2025 сол

ГАРАВГОНИ ТОҶИК ДАР ИВАЗИ ПУЛ ОЗОД ГАШТ

Наздикони Мирзо Бобоев, шаҳрванди Тоҷикистон, мегӯянд, барои озодии ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ пардохтаанд. Ин маблағе буд, ки қочоқбарони афғон аз аҳли хонадони Мирзо талаб кардаанд. Онҳо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ду ҳафта пеш ба гарав бурда буданд, раҳо намуданд.

shuroobod-garavgon5525.jpgТо ҳанӯз чӣ гуна аз марзи Афғонистону Тоҷикистон гузаштаи онҳо ва бо гаравгон ба ҳудуди Афғонистон баргаштанашон номаълум боқӣ мемонад. Пайвандони Бобоев ҳамчунин тарзи додани пули талабнамудаи қочоқчиёнро ба хотири амнияти хонавода ва наздикони хеш пинҳон медоранд.

Мирзо Бобоев дар хоҷагиии деҳқонии наздик ба марз ронандаи трактор буд ва ӯро гурӯҳи силоҳбадаст аз сари киштзор бо худ бурданд. То ҳанӯз сабаби ба гарав бурдани Мирзо номаълум аст, вале сокинони деҳоти наздимарзӣ ба ин назаранд, ки қочоқчиён ягон нафарро бе «сабабе» намебаранд.

Аммо чанде пеш Бозор Бобоев, бародари  Мирзо гуфта буд, ки рабуда шудани бародараш як рӯйдоди сирф тасодуфист ва эҳтимол қочоқбарон ин корро барои дарёфти пули бе заҳмат анҷом дода бошанд. Озодии ин гаравгон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ба гуфтаи масъулон то ҳанӯз як сокини Шӯрообод ва ба гуфтаи сокинон ду сокини ин ноҳияи марзӣ дар асорати қочоқбарон қарор дорад.

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854