00:53:57 03-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ АМИРИ "ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР" ДАР ДУШАНБЕ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, амири «Ҳизб-ут-таҳрир» Шарифҷон Ёқубовро боздошт кардаанд. Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Шарифҷон Ёқубов, сокини 43-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Душанбе аз сӯи раёсати мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ сурат гирифта ва баъдан ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таслим шудааст.

hizbi_tahrir-000123.jpgОқои Асадуллоев афзуд, ҳангоми бозҷӯӣ маълум шудааст, ки боздоштшуда тариқи интернет бо сокини Бритониё Ато Абу ар-Рушта, амири кулли «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ҷаҳон робита дошт ва фаъолиятҳои ҳизб дар Тоҷикистонро танзим мекард. Дастгир шудани Шарифҷон Ёқубов ба унвони амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон дар силсилаи боздоштҳои аъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир пурсарусадотарин шумурда мешавад.

Моҳи майи соли равон дар қатори 11 узви боздоштшудаи ҳизб дар Суғд, мақомот аз боздошти амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ин вилоят хабар дода буданд. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 манъ шуда, се сол пеш Душанбе "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард. "Ҳизбу-ут-таҳрир" мегӯянд, барномаи онҳо сарнагун кардани ҳукуматҳои демократӣ ва бунёди як хилофати исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Ба қавли мақомоти Тоҷикистон, шурӯъ аз соли 2001 фаъолияти "Ҳизб-ут-таҳрир" дар кишвар мамнӯъ эълом шудааст. Дар тӯли 9 соли ахир, теъдоди зиёди пайравони ин ҳизб барои содир намудани аъмоли ғайриқонунӣ, назири паҳн кардани шабномаҳо, адабиёти мазҳабӣ ва даъват барои сарнагун кардани низоми демократии кишвар боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854