01:16:36 03-уми Июни 2025 сол

ДАРГИРӢ ПАС АЗ БОЗИИ ФУТБОЛ ДАР КӮЛОБ

Дар поёни бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 ба поён расид, мухлисони футбол доварон ва кормандони милисаро таҳти сангборон қарор доданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ба ҳисоб гирифта нашудани се ҳолати нобозӣ (оффсайд)-и ҳамлаварони дастаи “Истиқлол” сабаби эътирози мухлисон гардидааст.

footbol-ravshan44.jpgСангандозӣ ба тарафи доварон ва кормандони милиса 5 дақиқа пеш аз поёни бозӣ шурӯъ шуд. Баробари ҳуштаки анҷоми сабқат мухлисони футбол аз варзишгоҳ берун омада, ба автобусу мошинҳои дастаи “Истиқлол” ва ҳам мошини сӯхтонишон ҳамла карданд ва шишаи онҳоро шикастанд.

Замоне ки мухлисон тарафи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки бозингари дастаи “Истиқлол” аст, ҳаракат карданд, бахши таъиноти махсуси милиса ё ОМОН барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир кушод ва панҷ таркиши тарсонанда анҷом дод.

Аммо Аҳмад Иброҳим, хабарнигори муқими шаҳри Кӯлоб, ки шоҳиди ин воқеа будааст, дар тамос ба радиои Озодӣ гуфт, бар асари як таркиш дар дохили варзишгоҳ ҳудуди 5-6 нафар ҷароҳат бардошт ва як катори курсиҳои варзишгоҳ тахриб шудаанд. Ба дунболи инфиҷор дар дохили майдон, мухлисон ва нерӯҳои амниятӣ дар хориҷи варзишгоҳ ба ҳам даргир шудаанд ва нерӯҳои интизомӣ барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода намудаанд.

Мухлисони норозӣ ба мошинҳои дигар ҳамла карданд ва балони онҳоро кафонда, шишаҳояшонро шикастанд. Аз ҷумла мошинҳои “Ёрии фаврӣ” низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Як шоҳиди воқеа мегӯяд, ин мошинҳо барои он ҳадаф қарор ёфтанд, ки милиса мехост, бархе аз боздоштшудагонро дар онҳо интиқол диҳад. Шоҳид мегӯяд, даҳҳо нафар захмӣ ва боздошт шудаанд.

Се таркиши дигар дар назди Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. Шаҳр ҳоло зери назорати милиса буда, мошинҳо дар кӯчаҳо равуо доранд, аммо сокинон ҳушдор гирифтаанд, ки аз манзилҳои худ берун наоянд.

Бозии гузаштаи дастаҳои футболи «Истиқлол»(Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 3-юми май дар шаҳри Душанбе низ бо кашокаш ва дилозорӣ поён ёфта буд. Мухлисони «Равшан» доварони бозиҳоро айбдор мекунанд, ки ба манфиати дастаи «Истиқлол»(Душанбе)доварӣ мекунанд. Сарони футболи Тоҷикистон хархашаи гузаштаро маҳкум карда, ваъда дода буданд, ки эътирози мухлисонро аз роҳи қонунӣ баррасӣ хоҳанд кард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854