17:37:49 04-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КИЁШИ КОДЕРА

Бегоҳии рўзи 14 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ноиби президенти агентии Япония оид ба ҳамкории  байналмилалӣҶайка») Киёши Кодераро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.

«Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Япония яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ дар қитъаи Осиё буд, ҳаст ва хоҳад монд», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Киёши Кодера нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои арзи ҳамдардӣ ва кўмаки башардўстона ба Япония баъди заминларзаи шадид ва ҳолати фавқулодда дар нерўгоҳи атомии Фукушима изҳори сипос намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкории пурсамари 18 – сола ба ҷониби Япония арзи сипосу қадрдонӣ намуд. Зикр гардид, ки бомусоидати Япония дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор барои беҳдошти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва доир ба роҳсозӣ, рушди деҳот, обрасонӣ, бозомўзию такмили ихтисоси мутахассисон амалӣ гардидаанд ва мегарданд. То имрўз зиёда аз 1200 коршиносу мутахассиси Тоҷикистон ихтисосу малакаи касбии худро таҳти васояти агентии «ҷайка» дар Япония такмилу сайқал додаанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистону Япония бояд ба татбиқи лоиҳаҳои ҳаҷман бузургтари дорои манфиати мутақобила ва минтақавӣ шуруъ намоянд. Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854