01:00:19 03-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ

Зимини мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

 «Сатҳи баланди боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо доир ба масоили умдаи сиёсӣ хислати хоси робитаҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мебошад», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони фаъоли иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз рўи нишондодҳои табодули молу маҳсулот дар миёни кишварҳои ИДМ баъд аз Русия дар ҷои дуюм қарор дорад.

Нурсултон Назарбоев ба Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳои судманди Қазоқистон ва нақши намоёнаш дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ арзи сипос намуд. Фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон, ки тирамоҳи соли 2010 ба фаъолият шуруъ карда буд, воситаи хуби густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ арзёбӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва Шўрои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки вақти барпо намудани ҷаласаи якуми Шўрои байнидавлатии ҳамоҳансозӣ дар сатҳи олии сиёсӣ фаро расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро даъват намуд, ки барои анҷом додани ин кор дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854