00:47:46 03-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХУ ҶИНТАО

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао мулоқот намуд. «Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрўз хислати фарқкунандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сатҳи баланди ҳамгироӣ ва боварӣ мебошад», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ху Ҷинтао омодагии устувори ҷониби Чинро ба дастгирии рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо таъкид намуда, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин имсол барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дар баробари дигар тадбирҳои судбахш, 120 миллион юан кўмаки бебозгашт ҷудо мекунад.

Ҷониби Чин, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли 2012 ба муносибати 20 – солагии барпошавии муносибатҳои  дипломатӣ бо Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди идона дар ҳарду кишвар ба роҳ монда шаванд. Дар мулоқот атрофи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Аз сатҳи баланди ҳамгироии миёни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла доир ба пурзўр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамгироии Тоҷикистону Чин дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай низ боиси қаноатмандӣ арзёбӣ гардид. Тазаккур дода шуд, ки лоиҳаҳои сершумори калонҳаҷм дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, самараи ҳамгироӣ дар чаҳорчўби ҳамин созмони бонуфузи минтақавӣ аст.

Хотиррасон гардид, ки имрўз беш аз 50 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад ва мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар зарфи 5 соли охир 14 баробар афзоиш ёфтааст. «Чин дар миёни шарикони хориҷии тиҷоратии Тоҷикистон пешсаф буда, аз ҷиҳати ҷалби соҳибкорони хусусӣ бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди кишвари мо ба шумор меравад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла доир ба ҷорӣ намудани таҷрибаи обёрии қатрагии заминҳои корам ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ зарур шумурда шуд. Аз ҷониби Чин изҳор гардид, ки ба наздикӣ барои баррасии муфассали ин масъала Вазири кишоварзии ин кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия изҳори ҳавасмандӣ карданд. Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854