01:10:44 03-уми Июни 2025 сол

ПАРВАНДАИ "АВБОШӢ" АЛАЙҲИ 22 НАФАР ДАР КӮЛОБ

Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи 22 нафар аз ҳаводорони футбол ба иттиҳоми ширкат дар беназмиҳои рӯзи 14-уми июн парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Гуфта мешавад рафтори ин афрод дар ҷараёни беназмии рӯзи сешанбеи шаҳри Кӯлоб дар дастгоҳҳои наворбардорӣ сабт шудааст.

_kulob_football304.jpgИн дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз шоҳидони айнии ин ҳодиса, аз ҷумла ба гуфтаи хабарнигор Аслиддин Достиев, “беназмӣ аз тарафи ҳаводорони тими Кӯлоб не, балки аз ҷониби кормандони ОМОН-и шаҳри Душанбе, ки дар Кӯлоб меҳмон буданд, оғоз шуд.”

Оқои Достиев афзуд: “Агар меҳмонҳо норинҷакҳои газиро наметарконданд, шояд ҳаводорони футбол чунин ба ғазаб намеомаданд ва ин қадар овозаҳо ҳам сар намезаду алайҳи ҷавонони кӯлобӣ парванда боз намешуд."

Ба бовари оқои Достиев, ҳодисаи рӯзи сешанбе дар Кӯлоб ангезаҳои сиёсӣ дорад: “Шояд гурӯҳе ё касе мехост мардуми Кӯлобро ба майдони сиёсат бикашад. Аммо хушбахтона мардуми Кӯлоб ба ин дасиса дода нашуданд ва агарчи бесарусомониҳо то ними шаб идома дошт, аммо субҳ дар Кӯлоб оромӣ буд."

Саймӯъмин Шодиев, яке аз мухлисони бозии футбол, ба ин назар аст, ки боздошти пас аз беназмиҳои рӯзи 14-уми июн дар Кӯлоб метавонад ба рушди футбол дар Тоҷикистон таъсири манфӣ гузорад. Ӯ мегӯяд: “Варзиш бо мухлисонаш зебост ва дастаи “Равшан” низ ҳарчанд он қадар бозии хуб надоранд, зери ҳаёҳуи ҳаводорон номус карда, ба садри ҷадвали мусобиқот баромад.”

Вай нигарон аст, ки пас аз “чунин бархӯрд бо ҳаводорони футбол” дигар камтар одам барои тамошои футбол ба истодиюм меояд. Оқои Шодиев афзуд: “Бозӣ бе тамошобин чӣ маънӣ дорад? Агар ба мухлисон фишор оварда шавад, онҳо ба тамошои бозӣ намеоянд ”.

Субҳи рӯзи сешанбе, пеш аз оғози бозии футбол миёни тимҳои "Истиқлол", тими кишварӣ ва тими "Рӯшан", тими маҳаллӣ дар шаҳри Кӯлоб, кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Кӯлоб хиёбони марказӣ ва кӯчаҳои атрофи варзишгоҳро таҳти назорат гирифта буданд. Ин тадбири амниятӣ то имрӯз дар шаҳри Кӯлоб идома дорад.

Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон, дар ҷараёни беназмиҳои рӯзи сешанбе дар Кӯлоб беш аз даҳ нафар ҷароҳатҳои сабук гирифтаанд. Гуфта мешавад танҳо чаҳор нафар аз осебдидагон ҳоло дар бемористон ҳастанд. Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, аз миёни футболбозон ва кормандони пулис касе осеб надидааст. Вай гуфт садои инфиҷор, ки шунида мешуд, инфиҷори гози ашковар буд, ки барои пароканда кардани издиҳом аз сӯйи пулис истифода шуда буд.

Оқои Асадуллоев ин ҳодисаро “бетартибии оммавӣ” унвон кард ва гуфт, ки парвандаҳое, ки дар ин робита боз шудаанд, ба иттиҳоми “авбошӣ” таҳқиқ хоҳанд шуд. Дар ин ҳодиса ҳаводорони норозӣ аз натоиҷи бозӣ бо партоби санг ба сӯйи довар ва кормандони пулис эътироз кардаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ҳаводорон аз он норозӣ буданд, ки довар бо нодида гирифтани мавориди зарбаи ботил (off side) аз сӯйи тими “Истиқлол” аз ин тим ҳимоят кардааст.

Замоне ки ҳаводорони башӯромада ба сӯйи худрави Рустами Эмомалӣ ҳаракат карданд, нерӯҳои вижаи пулис ворид ба кор шуда ва барои мутафарриқ кардани эътирозкунандагон тири ҳавоӣ шилик кардаанд. Ба дунболи инфиҷори гози ашковар дар дохили майдон эътирозкунандагон дар хориҷи варзишгоҳ низ бо пулис даргир шудаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854