ДАРГИРӢ ДАР МАРЗ БО АФҒОНИСТОН ЯК КУШТА ВА ЯК ЗАХМӢ ГУЗОШТ
Аз авоили соли ҷорӣ барои нӯҳумин бор аст, ки марзбонони тоҷик бо гурӯҳҳои мусаллаҳи афғон вориди даргирӣ мешаванд. Марзбонони тоҷик шаби 16 ба 17 июн дар марз бо Афғонистон бо як гурӯҳи мусаллаҳ вориди даргирӣ шудаанд.
Дар ҳафтаи ҷорӣ ин дувумин мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба марзбонони тоҷик дар як минтақаи марзӣ бо Афғонистон аст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 17 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки шаби гузашта миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи мусаллаҳе дар посгоҳи марзии “Қизилсу” дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон даргирие рух додааст.
Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, марзбонон зимни ҳифозат аз марз бо як гурӯҳи 12-15-нафарии афроди мусаллаҳ рӯбарӯ мешаванд, ки қасд доштанд ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. Вай афзуд: “Миёни марзбонон ва ин гурӯҳ даргирие сурат гирифт ва гурӯҳи мусаллаҳ ба қаламрави Афғонистон ақабнишинӣ кард. Дар натиҷаи даргирӣ раҳбари ин гурӯҳ кушта шуд. Мушаххас шуд, ки шахси кушташуда сокини 50-солаи рустои Тоири Афғонистон будааст. Дар маҳалли даргирӣ марзбонон 21 килуграм ҳеруин ва як милтиқ кашф карданд.”
Хушнуд Раҳматулолев ҳамчунин хабар дод, ки дар ин ҳодиса як афсари марзбони тоҷик ҷароҳат бардошта ва ба бемористон мунтақил шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, аз авали соли ҷорӣ ин нуҳумин мавриди даргирии мусаллоҳона дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аст. Шаби 14-уми июн дар посгоҳи “Оқмазори” ноҳияи Ҳамадонӣ даргирии дигаре рух дода буд, ки дар пайи он ду нафар табаъаи мусаллаҳи афғон кушта шуданд.
Он замон низ гурӯҳе 12-нафара талош дошт тавассути қоиқе вориди қаламрави Тоҷикистон шавад. Манобеъи марзбонӣ хабар доданд, ки ин гурӯҳ низ ҳудуди даҳ килуграм маводди мухаддир бо худ дошт, ки дар маҳалли даргирӣ кашф шудааст. Ба гуфтаи соҳибназарон, ноҳияи кӯҳистонии Ҳамадонӣ яке аз масирҳои аслии интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва бархе аз атбоъи тоҷик низ дар ин амр ҳамдастанд.
Дар чанд соли ахир аз мавориди гаравгонгирии сокинони ни минтақа тавассути қочоқбарони афғон гузориш шудааст. Мақомоти расмӣ изҳор доштанд, ки ин афрод ба далели напардохтани қимати маводди мухаддир аз сӯйи қочоқчиён гаравгон гирифта шудаанд. Дар ҳафтаи гузашта расонаҳои гурӯҳӣ хабар доданд, ки дар пайи як амалиёти муштараки нерӯҳои вижаи Афғонистон ва Тоҷикистон дар минтақае ҳаммарз дар қаламрави Афғонистон ду кӯдаки тоҷик, ки аз сӯйи гурӯҳҳои қочоқчии афғон гаравгон гирифта шуда буданд, раҳо шудаанд.
Аз сӯйи дигар, гузоришҳо ҳокист, ки бархе аз минтақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон таҳти кунтрули гурӯҳҳои ифротгаро қарор доранд ва афроди мутаъаллиқ ба ҷунбишҳои ифротгаро қасд доранд аз ин масир вориди қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ шаванд. Дар авоили соли ҷорӣ манобеъи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки аз вурӯди як гурӯҳи беш аз чиҳилнафараи афроди мусаллаҳ тавонистаанд ҷилавгирӣ кунанд. Гуфта мешуд, ки дар маҳалли ҳодиса миқдоре аз лавозими низомӣ ва адабиёти мазҳабӣ кашф шудааст.
Би-Би-Си