02:12:46 03-уми Июни 2025 сол

БОЗ ДУ ТАҲРИРӢ БА ЧАНГИ ҚОНУН АФТОДАНД

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ боз ду  узви фаъоли «Ҳизб-ут-таҳрир», ки дар садади роҳбарии ячейкаҳои ин ҳизби мамнӯъ ва тундгаро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъолият доштанд, боздошт гардиданд. Рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Душанбе Шарифҷон Ёқубов дастгир шуд, ки  аз соли 2009 инҷониб ҳамчун масъули «Ҳизб-ут-таҳрир» дар шаҳри Душанбе фаъолият доштааст.

datgiri_dutan_tahrir.jpgРӯзи 13-уми июн бошад, дар пайи нишондодҳои Шарифҷон Ёқубов ва боз ду нафар аъзоёни қаблан дастгиршудаи «Ҳизб-ут-таҳрир», шаҳрванд Усмонов Урунбой, соли таваллудаш 1951, сокини ҷамоати Ҳисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, хабарнигори радиои Би-Би-Сӣ дар  ин вилоят боздошт гардид. Номбурда аз соли 2009 ба аъзогии созмони мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дохил шуда, ба   ташвиқоту тарғиботи ифротгароёнаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул шудааст.

 

Дар вилоят китобу маҷалла ва варақаҳои таблиғотии  ифротгароёнаро паҳн карда, сокинони вилоятро ба шомилшавӣ ба ин ҳизб даъват мекардааст. Шарифҷон Ёқубов ва Урунбой Усмонов аз тариқи Интернет ва почтаи электронӣ бо амири  кулли «Ҳизб-ут-таҳрир» Ато Абу ар-Рушта, ки сокини Британиё мебошад, дар алоқаи доимӣ буда, мувофиқи ҳидоятҳои ӯ фаъолиятҳои ҳизбро яке дар Душанбе ва дигаре дар Суғд танзим мекардаанд.

 

Урунбой Усмонов имкониятҳои хешро аз мавқеи бахши узбеки радиои Би-Би-Сӣ баҳри паҳн намудани ғояҳои таҳрирӣ истифода мекардааст. Чунончӣ, ӯ ду китоби «Субҳи хилофат»-ро аз Шарифҷон Ёқубов гирифта, порчаҳои онро аз тариқи барномаҳои радио пахш кардааст. Ба замми ин, бо охирин сӯҳбати радиоие гузаронидааст, ки ба мавзӯи болоӣ иртибот доштааст.

 

Қабл аз ҳама, ба боздошти корманди Би-Би-Сӣ  Тревор Мур, сафири Бритонияи Кабир дар Душанбе вокуниш нишон дод ва тақозо кард, ки номбурда ҳар чӣ зудтар озод карда шавад. Мавқеи хеле аҷиб. Намояндаи кишваре, ки волоияти қонунро дар кишвари худ аз ҳама боло медонанд, дар кишвари дигаре озодии бечуну чарои як шахсеро тақозо дорад, ки хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор кардааст.

 

Фақат танҳо барои он, ки ӯ хизматгори радиои Би-Би-Сӣ мебошад. Ва ё мумкин барои он, ки штаб-квартираи ин ҳизби тундгароро дар Лондон ҷой додаанд. Иттиҳодияи журналистони тоҷик низ дар пайравӣ аз Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон якбора ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи ғайриоддӣ нишон доданд. Намедонам, онҳо низ дастури Тревор Мурро гирифтанд ё дар андешаи онанд, ки журналист ҳеҷ гоҳ ҷинояткор намешавад?

 

Ба хар ҳол онҳо ба шитобкорӣ даст заданд ва мебоист, ки хулосаи мақомоти тафтишотиро интизор шаванд, на даъвои сафири инглисро. Қонун барои ҳама як аст: хоҳ одами оддӣ бошӣ, хоҳ журналист. Фикр мекунам, агар Урунбой Усмонов бегуноҳ бошад, ҳатман озод мешавад, агар баръакс, боз як душмани оромию осудагии мардуми тоҷик ҷазои сазовор хоҳад гирифт.

Шарифҷон  Салимӣ, рӯзноманигор

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854