САФАРИ МАҚОМҲОИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ
Қарор аст Анатолий Сердюков, вазири дифоъ ва Сергей Наришкин, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия вориди Душанбе шаванд. Гуфта мешавад, ки ҳарду мақоми Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва мулоқот хоҳанд дошт. Дар ҷараёни ин мулоқот баррасии муҳимтарин масъалаҳои мавриди алоқаи ду ҷониб баррасӣ хоҳад шуд.
Яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар мулоқоти Сергей Наришкин бо мақомоти Тоҷикистон сафари расмии Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба Душанбе хоҳад буд, ки қарор аст, дар тирамоҳи имсол анҷом шавад. Ин сафар ҳамзамон бо баргузории иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ дар Душанбе доир мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта расонаҳо аз лағви сафари вазири дифоъи Русия ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Бархе расонаҳо навишта буданд, ки ба тавофуқ нарасидани ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистон ва Русия бар сари созишномаи ҳамкориҳои марзӣ миёни ду кишвар, боиси лағви сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон шудааст.
Ҳамчунин назариёти ҳар ду ҷониб дар масъалаи баҳрабардорӣ аз фурудгоҳи низомии Айнӣ ҳам то кунун фосила дорад. Ва Русия посухи мушаххас дар ин маврид аз ҷониби Тоҷикистон дарёфт накардааст.
Пойгоҳҳои иттилоотии наздик ба низомиёни Русия аз қавли манобеъи худ дар ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия менависад, ки ҳадафи аслии сафари Сердюков ба Душанбе, густариши ҳузури низомии Русия дар марзҳои Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз он кишвари ҳамсояи Тоҷикистон мебошад.
Тоҷикистон ва Русия аз ду моҳи пеш то кунун бар сари созишномаи нави ҳузури мушовирони русӣ дар ҳайати нерӯҳои марзбонии тоҷик ба гуфтугӯ нишастаанд, аммо ин музокирот то кунун натиҷа надодааст. Дар моҳи майи соли равон, замони эътибори созишномаи ҳузури муовирони русӣ дар марзҳои Тоҷикистон ба сар омад.
Тоҷикистон бо Русия феълан муносиботи хуберо пушти сар намекунад ва иллати сардии муносиботи ду ҷониб ба гуфтаи коршиносон, ҳосил нашудани тавофуқ бар сари саҳмияҳои нерӯгоҳи ниматамоми Роғун, истифодаи пойгоҳи Айнӣ ва баҳси ҳузури русҳо дар ҳимояи марзҳо ва мухолифати Душанбе ба он мебошад.
«Озодӣ»