20:58:15 09-уми Июни 2025 сол

ЧАРО ПАРВОЗИ УМАР АЛ-БАШИР БА ТАЪХИР УФТОД?

Судон Тоҷикистон ва Туркманистонро дар таъхири парвози ҳавопаймои Умар ал-Башир дар роҳ ба сӯи Чин муттаҳам медонад. Ба навиштаи сомонаи интернетии «Аll Аfrica», ин ду кишвари Осиёи Миёнагӣ бинобар “тобеъ” будан ба сиёсатҳои ИМА, иҷозаи убури ҳавопаймои президенти  Судон дар роҳ аз Теҳрон ба сӯи Пекинро надодаанд.

umar_544545.jpgМақомоти Судон гуфтаанд, ки пас аз худдории мақомоти Осиёи Миёна барои убури ҳавопаймои ҳомили раиси ҷумҳури ин кишвар аз Теҳрон ба Чин, мақомоти покистонӣ иҷозаи парвози раиси ҷумҳури ин кишвар аз фазои Покистонро додаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба иллати баргузории тамриноти низомӣ дар фазои худ, ки шояд мунҷар ба хатар уфтодани ҷони раиси Судон шавад, иҷозаи убури Умар ал-Баширро надодааст.

Мақомоти Туркманистон ҳам гуфтаанд, ки бинобар номусоидии боду ҳаво дар фазои ин кишвар, амнияти ҳавопаймои раҳбари Судонро замонат дода наметавонанд. Дар муқобил ҷониби туркманӣ пешниҳод кардааст, ки ҳавопаймои Умар ал-Башир аз фазои Афғонистон убур кунад.

Аммо мақомоти амниятӣ ва сиёсии Судон ин иддаоро, ки Амрико дар ин парвоз қасди дастгирии Умар ал-Баширро доштааст, радд мекунанд. Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ соли 2008 ал-Баширро дар даст доштан дар қатли сокинони минтақаи Дорфур айбдор кард ва барои боздошти ӯ дастур дода буд.

"Озодӣ"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854