ШИДДАТИ ЗИЛЗИЛА ДАР ТОҶИКИСТОН ШАШ ДАРАҶА САБТ ШУДААСТ
Шаби 20 июл, соъати 00.35 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон зилзила рух дод. Бар асоси иттилоъи Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон маркази зилзила дар вилояти Боткени Қирғизистон, воқеъ дар 280 килуметрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваста ва шиддаташ аз 6 то 7 дараҷаи Риштер арзёбӣ шудааст.
Тибқи гузориши ин манбаъ шиддати зилзила дар Душанбе, пойтахт 4 дараҷа, шаҳри Норак то 4 дараҷа ва дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон то 6 дараҷаи Риштер будааст. Сарҳанг Мунира Назариева, раиси бахши иттилоъотии Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти иқтисодӣ бар асари ин ҳодисаи табиӣ иттилоъе нарасидааст.
Зимнан, ба гуфтаи окодемисиюн Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси маъруфи Тоҷикистон, таҷҳизоти Маркази зилзилашиносии ин кишвар ҳамасола беш аз 3 ҳазор зилзилаи кучакро сабт мекунад, ки сокинони кишвар ин ларзишҳои сабукро ҳсос намекунанд.
Ҳамзамон, оқои Неъматуллоев таъкид кард, ки дар зарфи чор соли ахир дар навоҳии Рӯдакӣ, дар ҳумаи шаҳри Душанбе, Қумсангир дар ҷануб ва Рашт дар шарқи Тоҷикистон зилзилаҳои шадид рух дода ва бар асари онҳо 15 нафар куштаю 20 нафар захмӣ шуда ва ҳудуди 3 ҳазор воҳиди маскунӣ тахриб гардидаанд.
Би-Би-Си