13:49:58 01-уми Июли 2025 сол

САФОРАТИ ИМА БА ХОДИМОНИ ПОЛИС ВА ФАРЗАНДОНИ ОНҲО ЗАБОНИ АНГЛИСИРО ДАРС МЕДИҲАД

Дафтари сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ  Зе Эмерҷенс Груп курсҳои омӯзиши забони англисиро барои муаллимони Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва фарзандони онҳо ба роҳ монд. 

 Дар зарфи се моҳ 26 нафар шунавандаи ин курс  сарфу наҳв, ҳусни хат, хониш, нутқ, талаффуз, фаҳмидани нутқи шифоҳӣ ва луғати забони англисиро омӯхтанд. Барномаи Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 52 миллион доллари ИМА сарф намудааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ