БЕШ АЗ 70 КУШТА ДАР ПАЙИ ОШӮБИ МУХЛИСОНИ ФУТБОЛ
Дар пайи ошӯби мухлисон пас аз як бозии футбол дар шаҳри Порт-Саиди Миср беш аз 70 нафар ҷон бохтаанд. Дар ҷараёни ошӯби мухлисон баъди як бозии футбол дар шаҳри Порт-Саиди Миср камаш 79 кас, бо шумули чанд афсари амниятӣ, кушта ва то 1000 тани дигар захмӣ шудаанд.
Хушунат чанд лаҳза баъд аз хатми бозии тими “Ал-Масрӣ”-и Порт-Саид бо “Ал-Аҳлӣ” оғоз ёфт, ки иттифоқан бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими Порт-Саид анҷом ёфта буд. Наворҳои зиндаи телевизион ҳокист, ки мухлисон ба муҷарради анҷоми бозӣ ба майдон рехта, ба таъқиби футболбозони “Ал-Аҳлӣ” пардохтанд. Дар Қоҳира ҳам, баъди лағви бозии футбол мухлисони хашмгин варзишгоҳро ба оташ кашидаанд. Федератсиюни футболи Миср ба дунбол бозиҳои лигаи олиро комилан лағв кард.
«Озодӣ»