14:05:05 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҶОЗОТИ ЯК ЗАН "БАРОИ МАМОНЕЪАТ АЗ ТАҲСИЛИ" ФАРЗАНДОНАШ ДАР ХУҶАНД

Додгоҳе дар вилояти Суғд як модарро барои мамонеъат аз таҳсили фарзандонаш дар мактаб ба пардохти чаҳор ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кардааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Татяна Олейникова, модари се фарзанди ноболиғро, тибқи моддаи 164-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, дар мамонеъат аз таҳсили фарзандонаш муҷрим шинохтааст.

Аммо Татяна Хатюкина, вакили мудофеъи хонуми Олейникова, мегӯяд, ки муваккилаш ба сабаби марги шавҳараш натавонистааст фарзандонашро бамавқеъ ба мактаб фиристад. Ҳамчунин, вакили муофеъи хонум Олейникова мегӯяд, ки қарор аст онҳо аз ин ҳукми додгоҳи шаҳрӣ ба додгоҳи истинофӣ шикоят бибаранд.

Хонуми Хатюхина афзуд, ки муваккили вай аз ҷумлаи афроди камбизоъат буда ва ба сабаби бесарпараст мондани ин хонавода водор шудааст, ки кӯдакони синни мактабии худро барои муроқибат аз кӯдаки хурдтараш дар манзил нигаҳ дорад. Аммо вай мегӯяд, ки ҳукми додгоҳ дар ҳоле эълом шуд, ки фарзандони хонуми Олейникова барои таҳсил ба мактаб бозгашта буданд.

Баъд аз тасвиби қонуни масъулияти волидайн барои тарбияти кӯдакон дар Тоҷикистон ин нахустин бор нест, ки волидон барои "мамонеъат аз таҳсили" фарзандон муҷозот мешаванд. Қаблан дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон низ иддае аз падару модарон барои аз таҳсил дар канор мондани фарзандонашон муҷозот шуда буданд.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi