04:29:47 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

НУРАЛИШО НАЗАРОВ: МО ЭҲЁИ ФРОНТИ ХАЛҚИРО ДАСТГИРӢ НАМЕКУНЕМ

Тибқи баъзе овозаҳо дар раҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди афсарони Тоҷикистон», ки ҳамагӣ як моҳ қабл расман ба фаъолият шурӯъ карда буд, тағйирот ба вуҷуд омадааст. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ хабарнигори сомонаии «Рӯзгор» бо яке аз поягузорони ин ташкилот, генерали мустафъӣ Нуралишо Назаров телефонӣ дар тамос шуд.

/images/stories/2012/05/28_nuralisho-nazarov-28125.jpgГенерал Нуралишо Назаров тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат, чунин тағйирот дар раҳбарияти ин ташкилот ба вуқӯъ пайвастааст. Бо сабабҳое, ки онҳо ба вазъи оилавии сарвари ташкилот, полковники мустаъфӣ Шавкат Юлчиев иртибот доштанд, ӯ аз ин вазифаи худ канораҷӯӣ кард. Раёсати ташкилот бандаро сарвари ин ташкилоти ҷамъиятӣ тасдиқ кард, -гуфт Нуралишо Назаров. Шавкат Юлчиев бошад муовин шуд, афзуд ӯ.

Хабарнигори сомона аз Нуралишо Назаров инчунин суол кард, ки чанде пеш гурӯҳе дар матбуот изҳор доштанд, ки онҳо тасмим доранд Фронти халқиро эҳё карда  дар маъракаҳои сиёсӣ фаъолона ширкат биварзанд. Бархе аз афсарони мустафъии ташкилоти «Иттиҳоди афсарони Тоҷикистон» дар гузашта аъзои Фронти халқӣ буданд. Ташкилоти шумо ба ин изҳорот чӣ нуқтаи назар дорад?

Дар посухи ин сол генерал Нуралишо Назаров гуфт: «Мо эҳёи Фронти халқиро бо мақсади фаъолияти сиёсӣ кардан дастгирӣ намекунем. Мо аз сиёсати имрӯзаи раҳбарияти кишвар қаноатманд ҳастем ва онро дастгирӣ мекунем. Ташкилоти мо ҷамъиятӣ ҳаст ва  бо мақсади расондани кӯмакҳои хайриявӣ ба афсарони бознишаста ва аҳли хонаводаи  онҳо таъсис ёфтааст. Дар пеши мо ҳадафи дигаре нест».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi