12:53:41 14-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

УЗБАКИСТОН САЙЁДИ ТОҶИКРО 6 СОЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ КАРД

Додгоҳе дар вилояти Намангони Узбакистон сайёди тоҷик аз ноҳияи Аштро ба шаш соли зиндон маҳкум кардааст. Сайёди тоҷик, Ҳамзаалӣ Хидиров, ки ӯро шаш моҳи пеш низомиёни узбак дар маҳалли зисташ - деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт - дастгир карда ва ба қаламрави Узбакистон бурда буданд, ба шаш соли зиндон маҳкум шудааст.

/images/stories/2012/05/28_sud-uzbak-28512.jpgДар ин бора рӯзи 28-уми май ба мо яке аз пайвандони сайёди аштӣ - Иқбол Нуриддинов хабар дод. Вай гуфт, хонадони Хидиров аз додгоҳи ноҳияи Попи вилояти Намангони Узбакистон барқия гирифта ва дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии "сайёди рабудашудаи тоҷик" иштирок кардаанд.

Ҷаноби Нуриддинов мегӯяд,  додгоҳе дар Узбакистон Ҳамзаалӣ Хидировро бо иттиҳоми марзшиканӣ аз озодӣ маҳрум намудааст. Вай афзуд, ҳамроҳи Хидиров як дӯсташ аз Узбакистон - Бароталӣ ҳам дастгир шуда буд ва додгоҳ ҳукми ӯро низ содир кардааст, вале маълум нест, ки оё озод шудааст ё дар зиндон ба сар мебарад.

Пайвандони Ҳамзаалӣ Хидиров мегӯянд, ки нимарӯзи 23-юми декабри соли гузашта гурӯҳи низомиёни узбак, ки ба он афсарони марзбонӣ низ шомил буданд, Хидировро дар манзили зисташ боздошт кардаанд. Ҳамчунин, низомиёни Узбакистон хонаи ӯро ҷустуҷӯ намуда, як силоҳи шикориро мусодира кардаанд, ки ба як шикорчӣ - шаҳрванди Узбакистон тааллуқ доштааст.

Деҳаи наздимарзии Сарваки ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашти Тоҷикистон аз чаҳор сӯ дар иҳотаи ноҳияи Попи вилояти Намангони Узбакистон воқеъ аст.

Шариф Назаров, сардори Идораи умури дохилии Суғд, моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки ба ҷониби ​​Узбакистон номаи расмӣ фиристода ва аз онҳо шарҳи қазия ва озод кардани шаҳрванди Тоҷикистонро тақозо намудаанд. Вале баъдан мақомоти тоҷик нагуфтанд, ки ҷониби Узбакистон ба номаи онҳо посух гуфта ё не.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi