ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР САДАМА
Бар асари садамаи як "КамАЗ"-и фирқаи 201-и Русия бо автобуси хурд дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб 4 нафар кушта ва 4 тан захмӣ шудаанд.
Бархӯрди "КамАЗ"-и фирқаи 201-и Русия бо автобуси хурди мусофирбар шоми 15-уми сентябр дар наздикии шаҳри Норак, дар 70-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ба вуқӯъ пайваста, ҳамаи кушташудагон ва захмиён сарнишинони автобус будаанд ва касе аз сарнишинони "КамАЗ" осеб надидааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "КамАЗ"-и фирқаи 201-и Русия ба Душанбе равон буд.
«Озодӣ»