ДАР ХОРУҒ ОТАШБАС ЭЪЛОН ШУДААСТ
Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ бо раиси вилояти Бадахшон президент Эмомалӣ Раҳмон хабар додааст.
Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим имрӯз дар муроҷиат ба сокинони вилоят гуфт, ки дар як сӯҳбати телефонӣ президент Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба мардуми Бадахшон дар бораи “оташбаси қатъӣ” хабар додааст. Қодири Қосим бо ин изҳорот дар баробари садҳо тазоҳургарон суханронӣ кард, ки дар назди сохтмони шаҳрдории Хоруғ ҷамъ омада, аз амалиёти махсуси сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ эътироз карданд.
Зимни ироаи ин паём дар маркази Хоруғ ҳамчунин 20 намояндаи дигари мақомоти баландпоя ва ҳам намояндагони ҷомеаи Бадахшон ҳузур доштанд. Раиси вилоят изҳори умедворӣ кардааст, ки оташбасро тамоми гурӯҳҳои мусаллаҳ қабул хоҳанд кард.
Мардуми маҳаллӣ ба нишони эътироз ва ҳам нигаронӣ аз амалиёти пурқурбонии рӯзи 24 июл дар шаҳри Хоруғ бо шиорҳои даъваткунандаи хатми ҷангу хунрезӣ дар назди шаҳрдорӣ ҷамъ шуда буданд. Ба қавли онҳо, амалиёти дирӯза ҳамчунин ба манзил ва сохтмонҳои маъмурии шаҳр хисороти зиёд ворид кардааст.
Дар изҳороташ Қодири Қосим ҳамчунин гуфт, ки комиссиюни бистнафараи иборат аз мақомот ва сокинони вилоят барои берун баровардани ҷасади ҳалокшудаҳо бояд як гузаргоҳ ё “корридори амне” ташкил кунад. Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, ҳанӯз ҳам нирӯҳои амниятӣ намегузоранд, ки ҷасадҳои мурдагон берун бурда шаванд.
Қодири Қосим дар мулоқоташ бо мардуми маҳаллӣ ҳамчунин дар бораи огаҳии худ аз хабари кушта шудани шаш сокини осоишта аз дасти нишонзан ё снайпери номаълуме субҳи имрӯз иттилоъ доддааст.
Бино ба хабарҳои ахир аз дохили Хоруғ, ин соатҳо шаҳр орому осуда аст ва садои тир ё оташе ба гӯш намерасад. Як шоҳиди ҳодиса гуфт, мардуми дар баробари шаҳрдорӣ ҷамъомада баъди шунидани хабари оташбас “бо қаноатмандӣ” ба манзилҳои худ баргаштанд.
Дар паи амалиёти махсуси нирӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ, ки зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ ба дунболи рӯзи 21 июл кушта шудани генерал Абдулло Назаров, раиси КДАМ-и минтақавии Бадахшон сар зад, рӯзи 24 июл, тибқи иттилои расмӣ, 42 нафар, аз ҷумла 12 низомӣ ва 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шуда, 40 нафар ҷангиён боздошт гардиданд.
«Озодӣ»