11:16:58 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАМБУДИ ГАЗ ВА ҚАТЪИ КОРИ «ТОҶИКСЕМЕНТ»

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, бузургтарин корхонаи сементбарории кишвар «Тоҷиксемент» аз фаъолият бозмондааст.

/images/stories/2012/12/21_kambudi-gaz-211212.jpgДафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, рузи 21-уми декабр иттилоъ дод, ки корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе, бинобар камбуди газ муваққатан танаффус эълон кардааст. Ба иттилои ин манбаъ, тайи як моҳи ахир аз сабаби камбуди газ корхона бо сахтӣ  фаъолият мекард ва ниҳоят дар авоили ҳамин ҳафта маҷбур шудаанд, кори онро боздоранд.

Тайи соли равон, маротибаи дуюм аст, ки «Тоҷиксемент» аз сабаби қатъи интиқоли гази Узбакистон аз фаъолият бозмемонад. Дар натиҷаи камбуди газ, ин корхона нимаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ низ аз фаъолият бозмонда буд, ки дар натиҷа бозори масолеҳи сохтмониро гаронӣ фаро гирифта, нархи як кило семент то 30 дарсад боло рафта буд.

Дар пайи танаффусҳои калонтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон, имсол нишондоди тавлиди ин масолеҳ коҳиш ёфта, ва ин аст, ки «Тоҷиксемент» дар 10 моҳи соли 2012-ум ҳудуди 200 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кардааст, ки назар ба 10 моҳи соли 2011-ум шаст ҳазор тонна камтар мебошад. Ин дар ҳолест, ки иқтидори лоиҳавии «Тоҷиксемент» як миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, айни ҳол дар кишвар ҳашт корхонаи сементбарорӣ фаъолият мекунанд. Аммо маҳсулоти тавлидкардаашон ҳанӯз аз панҷ як ҳиссаи талаботи Тоҷикистонро қонеъ намекунанд ва семент ба Тоҷикистон асосан аз хориҷа ворид мешавад.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли равон ба ин кишвар  783,3 ҳазор тонна семент ба маблағи 70,6 млн. доллар ворид шудааст. Семент ба Тоҷикистон асосан аз Покистон ворид мегардад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi