02:50:15 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУРСӢ ГУФТ, БАШОР АСАД БОЯД ДАР ДОДГОҲИ ГААГА МУҲОКИМА ШАВАД

Раисиҷумҳури Миср хостори муҳокимаи Башор Асад дар Додгоҳи байналмилалии Гаага, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳи мардуми ин кишвар, шуд. Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, рӯзи якшанбеи 6-уми январ дар гуфтугӯ бо шабакаи CNN гуфт, ҳукумати Башор Асад суқут хоҳад кард ва мардуми Сурия, ҳукумат ва парлумоне бар пояи иродаи худ бунёд мекунанд.

/images/stories/2013/01/07_mursi-070113.jpgМуҳаммад Мурсӣ гуфт, ин ҳамон чизест, ки мардуми Миср дар пайи он буданд ва "мо аз ин хостаи мардуми Сурия ҳимоят мекунем." Ин дар ҳолест, ки Башор Асад рӯзи якшанбе дар як суханронӣ дар баробари тарафдоронаш, бар идомаи муқобила бо мухолифони мусаллаҳи худ таъкид кард ва онҳоро террорист ва душман номид.

Дар вокуниш ба суханронии рӯзи якшанбеи Башор Асад кишварҳои ҷаҳон вокуниш нишон доданд. Туркия – ҳамсояи Сурия суханони рӯзи якшанбеи Башор Асадро «такрорӣ» хонд. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Сурия зимни эълони ин матлаб афзуд, ки ҳеҷ пешрафте дар ҳалли бӯҳрони Сурия бидуни ба расмият шинохтани мухолифони ин кишвар ҳосил намешавад.

Вазири умури хориҷии Туркия бо ишора ба ин инки  раиси ҷумҳури Сурия ҳеҷ тарҳ ва барномае барои ояндаи сиёсии ин кишвар ироа накардааст, афзуд, ки Башор Асад «дарки дурусте» аз вазъи кунунӣ надорад.

Вазири умури хориҷии Бритониё дар вокуниш ба суханони Башор Асад гуфт, пешниҳоди сулҳи раиси ҷумҳури Сурияро касе бовар нахоҳад кард.

Ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба ин суханронии гуфтааст, барои оғози даврони интиқоли сиёсӣ дар Сурия, Башор Асад бояд аз мақоми худ канор равад.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi