11:36:46 29-уми Апрели 2025 сол

РАИСИ АНДОЗ "БАРҚИ ТОҶИК" -РО КАЛОНТАРИН ҚАРЗДОР ХОНД

Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати «Барқи тоҷик» - ро калонтарин қарздор аз андоз унвон кард, ки то ҳол ба буҷа 256 миллион сомониро пардохт накардааст.

/images/stories/2013/01/24_nusratullo-davlatov-24012013.jpgНусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки дар баробари «Барқи тоҷик», вазорати мелиоратсия ва об бо 56 миллион, нерӯгоҳи «Сангтӯда 1» - 33 миллион, ширкати «Тоҷиктелеком» - 5.5 миллион ва корхонаи «Лаъл» - и Хуҷанд бо 4 миллион сомонӣ ба рӯйхати калонтарин қарздорҳо аз андоз дохил мешаванд.

Дар маҷмӯъ раиси идораи андози Тоҷикистон мегӯяд, то якуми январи соли 2012 қарзҳои корхонаи идораҳо аз ҳисоби андоз ба 641 миллион сомонӣ баробар шуда, дар давоми соли гузашта боз 109 миллион сомонии дигар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати "Барқи тоҷик" барои пардохти қарзҳояш аз андоз то моҳи декабри соли 2014 муҳлат додааст. Як манбаъ аз ширкати «Барқи тоҷик» бо тасдиқи ин хабар гуфт, қарори ҳукумат дар доираи таҷдиди сохтори ширкат содир шудааст ва ширкат пеш аз тақсимбандӣ бояд қарзҳояшро пурра пардохт намояд.

Раҳбарияти ширкати "Барқи тоҷик" мутмаин аст, ки дар муҳлати муайяннамудаи ҳукумат қарзи буҷа ва дигар ширкатҳоро пардохт намоянд. Онҳо ният доранд, ин корро аз ҳисоби ҷамъоварии қарзи ҳаққи барқу гармӣ, ки аҳолӣ ва корхонаҳо дар назди "Барқи тоҷик" доранд, амалӣ созанд, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ