НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР
Бирав, дигар наё!
Ошкору ниҳон
Бо устод Бозор Собир дар кӯча вохӯрдем. Маро диду шах шуд. Ман устодро чунин дидам:
Бо кулоҳи амрикоии хасӣ
Ӯ калии хешро пӯшида буд!
Он ҳама мӯри нигоҳаш хирасар
Бар сари каммӯи ман ҷӯшида буд!
Мӯйи лабҳо хинг чун як мушти хас --
Рӯйи лабҳо хинг чун як мушти хас!
Эй, даҳонаш чашмаи хаспӯш буд,
Эй, даҳонаш чашмаи хаснӯш буд!
Хоки раҳ
Сухане чанд парешон гуфтем, чун чи ҳол дорӣ? Бачу кач чи хеланд? Гуфтему рафтем. Раҳораҳ месурудам:
Бо меҳрубонаш
Мерафт Бозор.
Аз ёд рафта
Дунёи озор.
Пӯшад калияш
Худ бо кулоҳе.
Хуш бар калиям
Созад нигоҳе.
Эй, ку ҷавонӣ?
Эй, ӯ ҷавонӣ
Ҳай хоки раҳ шуд,
Хоки сияҳ шуд!
Шуд хоки роҳи
Сад каҷкулоҳи
Номеҳрубоне,
Ё меҳрубоне!
Натюрморт
То ҳамин ҷо расида будам, ки як нозанин аз гулгашт барояд, мешавад? Ба ҳар чие савганд медиҳед, ин хелашро кайҳо надида будам! Суруди худро мондаму ӯ нозанинро дуруд гуфтам. Қиссаи он дилситон дароз аст. Аз ин ҷо мегирем, ки ӯ яке гум шуд. Чун бо дареғо даст бар сар задам, ба худ омадам. Гуфтам Забардасту Нури Сармаст мешуданд, ки дар сари онҳо низ як даст мезадам, таспи дилам камтар мешикаст. Сари худро молида-молидаву аз алам нолида-нолида рафтам:
Ҳай кал шудеме,
Ҳайкал шудеме!
Ҳай калкадуё,
Ҳайкалкадуё!
Эй, бин кадуро,
Эй, ин кадуро!
Бинмо тамошо,
Инро тамошо!
Эй, кан кадуро,
Эй, зан кадуро
Ё дар каноре,
Ё бар аноре!
Дар ду каноре,
Бар ду аноре
Бигзору бинаш,
Нагзору бинаш!
Бо харбузаш ё
Бо тарбузаш ё
Бигзору бине,
Ҳай нозанине!
Эй, ку Забардаст?
Ку Нури Сармаст?
Бинанд ҳар ду
Шинанд ҳар ду!
Ҳар ду даҳан воз,
Ҳар ду даҳанвоз!
Зан бодиринге
Дар ду даҳанвоз!
ДУО
Дар бораи рафтану нарафтани устод аз Ватан мардум бисёр мегӯянд. Мо мегӯем биравад! Худаш гуфта:
Як сина пур аз муҳаббати меҳан буд,
Як синаи ман сина набуд, оҳан буд.
Бо сад шаку шубҳа бар Ватан баргаштам,
Бозомаданам сахттар аз рафтан буд.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>