08:08:24 17-уми Июни 2025 сол

Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

13 майи соли 2025 машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баргузор гардид.

2 mashvarathoi kori 21458754Зимни машваратҳои навбатӣ, ҷонибҳо омодагии худро баҳри густариши ҳамкориҳо, тақвияти тамосҳои байниидоравӣ, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея иброз доштанд.

Ҳамчунин ҳайати Ҷумҳурии Корея аз ҷониби муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ба ҳузур пазируфта шуд. Дар рафти вохӯрӣ таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея, самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар ҳошияи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ