08:52:12 17-уми Июни 2025 сол

Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳҳои кории муштараки кишварҳои аъзои Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ва шарикони рушд оғоз гардид.

5 casa 1000 4545124545Дар ифтитоҳи ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода суханронӣ намуда, аҳамияти стратегии лоиҳаи «CASA-1000»-ро барои кишварҳои иштирокчӣ таъкид кард.

– Ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ на танҳо ба рушди низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд, балки заминаи муҳими ҳамкории иқтисодиву сиёсӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад, – илова намуд М. Сафарзода.

Зимни ҷаласа, ки давоми ду рӯз (13-14-уми май) баргузор мегардад, масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шурои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» баррасӣ мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки 15-уми майи соли 2025 баргузории ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи ин чорабинӣ боздиди мењмонон аз зеристгоҳои конвертории 1300 МВт дар мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Кӯшониён ва Неругоҳи барқи обии «Норак» дар назар аст.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ