Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб
Санаи 13 майи соли 2025 дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва Вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб Валид Шимлон ал-Баҳар баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷараёни тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди мазкурро дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, барқарорсозии шабакаҳои барқиву обёрӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намудаанд.
Ҳамзамон, дар идомаи мулоқот ҳайати Тоҷикистон ба роҳбарияти Фонд барои дастгирии пайваста ва саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори кишвар, махсусан аз маблағгузории сохтмони НБО “Роғун”, ки дар тақвияти амнияти энергетикии Тоҷикистон нақши муҳим дорад, изҳори миннатдорӣ намуданд.