07:01:23 10-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе: Озмуни "Зебосанами олам" чӣ таърихе дорад?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Кист Элис Мунро ва ба хотири кадом асарҳояш соҳиби ҷоизаи Нобел шуд?

Аз хабарҳо шунидем, ки ҷоизаи имсолаи Нобел дар соҳаи адабиёт насиби адиби Канада Элис Мунро шуд. Мехостам дар бораи ӯ бештар донам. Бо кадом хизматҳояш шоистаи ин ҷоиза дониста шуд?

Гулизор, донишҷӯ

alies-moon 45451221Бале, бонуи канадиёӣ Элис Мунро 13-умин бонуи олам аст, ки барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт шудааст. Элин Мунро ҳоло 82 сол дорад ва ҳатто аз заъфи пириву нотавонӣ натавонист дар маросими супурдани ҷоиза ширкат дошта бошад ва ба ҷои ӯ наберааш ҳозир шуд. Элис Мунро аз ҷумлаи адибони ҳикоянависест, ки солҳои шасти асри гузашта по ба арсаи адабиёт гузоштааст ва мегӯянд дар жанри ҳикоя  хеле пешрафт кардааст. Вай 10 июли соли 1931 дар шаҳри Вингеми Канада дар хонаводаи фермер ва омӯзгори деҳот ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаб ба факултаи журналистика бо забони инглисии Донишгоҳи Онтариои Шимолӣ дохил шудааст, аммо соли 1951 тарки таҳсил кардаву ба Ҷейм Мунро издивоҷ намудааст. Зану шавҳари ҷавон баъдан ба Ванкувер кӯч бастаанд, аммо соли 1963 ба Виктори омада, мағозаи "Китоби Мунро"-ро  боз кардаанд. 

Аввалин ҳикояи ӯ соли 1950 дар маҷаллаи донишҷӯии "Фолио"  чоп шудааст ва нахустин маҷмуъаи ҳикояҳояшро соли 1968 интишор додаст. Худи ҳамон сол китоби нахустин барояш шуҳрат овард ва сазовори ҷоизаи губернатори Канада шуд. Элин адиби муъҷазнавис аст ва ҳикояҳояш то ҷое ба ҳикояҳои Чехов шабоҳат доранд, ки ин умумият аз назари мунаққидонаш дур намондааст. 

Соли ҷорӣ вай хабар дод, ки дигар аз эҷоди асарҳо даст мекашад, зеро ҳисс мекунад, ки фаъолияти нависандагиаш рӯ ба анҷом овардааст. Охирин китобашро бо номи "Зиндагии гаронбаҳо" соли 2012 чоп кардааст. Асарҳои ӯ бо 20 забони олам тарҷума ва нашр шудаанд.

Мунро ду маротиба издивоҷ кардааст. Аз издивоҷи аввал бо Ҷеймс Мунро, ки зикраш дар боло рафт, соҳиби фарзандоне бо номҳои Шейла (1953), Кэтрин (1955 баъди аваллуд фавтидааст), Ҷени (1957) ва Андреа (1966) шудаанд. Соли 1976 Мунро ба географ Ҷералд Фремлин дуюм маротиба издивоҷ кард, ки моҳи апрели соли 2013 аз олам даргузашт.

Озмуни "Зебосанами олам" чӣ таърихе дорад?

Аз расонаҳо хабарҳои зиёд дар бораи озмуни духтарону занони зебои оламро мехонему мешунавем. Ҳар чиз таърихи оғозу анҷом дорад. Гумон намекунам ин гуна озмунҳо оғози мушаххас надошта бошанд. "Рӯзгор"  чӣ маълумоте дар ин замина метавонад ироа кунад?

Мансури Азизмурод, Қурғонтеппа

zebosanam madina-2013Аввалин озмуни "Зебосанами олам" 15 апрели соли 1951 дар Лондон баргузор шудааст. Дар он 26 муддаии зебоӣ аз чандин кишвари олам ширкат кардаанд. Аммо нахустин озмуни зебоӣ миёни 350 духтар дар шаҳри Спаи Белгия 19 сентябри соли 1888 барузор шуда будааст. Гуфта мешавад, ки аз  байни ин 350 нафар 21 тани онҳо то зинаи охирини озмун расидаанд ва доварон аз миёни мардҳо зеботарин бонуро паси дарҳои баста муайян кардаанд.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистони имрӯза бахше аз он маҳсуб мешуд, ҳамагӣ се сол пештар аз пош хӯраданаш, яъне соли 1988 бо номи "Зебосанами Маскав-88" озмуни зебоӣ доир шудааст. Масъулияти баргузории онро комсомол ба уҳда дошт, аммо маблағгузораш ширкати интишоротии "Бурда" буд. Ва аз миёни даҳҳо ҳазор сокинони Маскав ҳайати ҳакамон Маша Калининаи 16-соларо интихоб карданд.

Аслан ин суоли шумо посухи доманадор мехоҳад, чун ин гуна озмунҳо тақрибан дар ҳамаи кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ бо ном ва шаклҳои мухталиф баргузор мешаванд. Ҳамватанони мо ҳам ба ҷуз дар кишвар, дар озмуни зебосанамон дар хориҷ низ ширкат мекунанд ва як хабари тоза дар ин замина он аст, ки Мадина Олимшоева, зодаи Бадахшон ахиран дар озмуни Зебосанами Иттиҳод дар Русия пирӯз шуд.

Чарл  Шоҳзодаи пурмоҷарои Британия

Шоҳзода Чарлзро пурмоҷаротарин ворисони тахти шоҳии Британияи Кабир меноманд. Чаро? Оё ман иштибоҳ мекунам?

Саодат Шоҳинова, Қумсангир

prince-charlz-45454Аслан чунин ҳам нест. Вале чун дар ҷомеаи демократии Ғарб журналистон аз озодиҳои вижаи баён бархӯрдоранд, баъзан дар ифшои асрори шоҳзодагон ҳам ба истилоҳ "зиёдаравӣ" мекунанд. Аммо ин як чизи пазируфташуда аст ва касеро мақомот барои ин ҷазо намедиҳанд. Дар мавриди шоҳзода Чарлз, ки вориси тахту тоҷи Британиёст, ҳамин иттифоқот пеш омадааст. Дар се маврид журналистон сабабгори ифшои асрори хонаводагӣ ва сиррии ӯ шудаанд, дар ду ҳолат кор то ба додгоҳ расидааст. 

Соли  2005 ба журналистони рӯзномаи "Mail on Sunday" муяссар гардид, ки ба рӯзномаи шахсии  шоҳзода Чарлз дастрасӣ пайдо кунанд. Навиштаҳои ӯ дар бораи шахсиятҳои сиёсии Британияи Кабир ва Чин бидуни мувофақа бо ӯ чоп шуданд.  Баъди интишори маводҳо шоҳзода рӯзномаро ба дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва вайронкунии ҳуқуқи муаллифӣ муттаҳам намуд. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ вакили мудофиаи шоҳзода изҳор дошт, ки шахси зерҳимояаш қасд надошт аз хотироти худ чизеро чоп кунад. Зеро ин асноди шахсист ва ҳар инсон ҳақ дорад дар ин ё он бора фикри шахсии худро баён созад. Аммо намояндагони нашрия изҳор доштанд, ки сокинони Британия  ҳақ доранд дидгоҳҳои сиёсии шоҳзода ва вориси ояндаро донанд. 

Ва дигар: моҳи декабри соли 1989 маҷаллаи Австралия New Idea стенограммаи гуфтушуниди телефонии шоҳзода Чарзро бо  Камилла Паркер-Боулз интишор дод. Ба он нигоҳ накарда, ки ин ду тан он замон бо дигар афрод ҳамбистарӣ доштанд, суҳбат оҳанги маҳрамона дошт. Шоҳзода мегуфт, ки Камилларо беҳад дӯст медорад ва Камилла низ тақрибан бо ҳамин оҳанг посух медод. Ин ба мисли инфиҷори бомби пурқудрате буд, ки аз муносибати маҳрамонаи шоҳзодаи зандору Камиллаи шавҳардор ҳикоят мекард. Нашрияҳои зиёде онро интишор доданд. Ҳамсари Камилла Паркер-Бауэлз дар суҳбат бо хабаргузоориҳо гуфт, ки дар ин бадие намебинад, чун Камилла ва Чарлз дӯстони деринаанд. Вале бритониёҳо дигаргуна андешиданд. Як пурсиш миёни мардум нишон дод, ки 53 дар сади мардум зидди онанд, ки Чарл дар оянда соҳибтоҷ бошад.

Аммо ҳар чӣ буду набуд баъдан шоҳзода ва Камилла баъди ҷудоӣ аз ҳамсаронашон бо ҳам издивоҷ карданд ва моҷарои сеюм низ бо номи хонум Камилла алоқаманд аст. Бо андешаронӣ дар бораи малика Елизаветтаи II дар хонадони шоҳаншоҳӣ моҷаро бархезонд. Натиҷа он шуд, ки Елизаветта ба бемористон интиқол ёфт. Аммо дар ин миён муносибати Чарлз басо ҷолиб буд. Вай Камилларо водор ба пузишхоҳӣ накард, балки ба Швесайрия сафар кард. Ва атрофиён эълон карданд, ки сабаби ин ҳама беэҳтиётӣ аз майхорагӣ ранҷ кашидани Камилла будааст. Ахиран Камилла ба ҳамсари шоҳзода Уилям Кэтрин ҳам даруфтод, ки ин низ боиси моҷаро дар хонадони шоҳаншоҳии Британия шуд.

Клуби ҳастаӣ, яъне чӣ?

Бо истилоҳи "клуб" ошноям. Онро чун маркази дилхушӣ ё худ тафреҳӣ ва дар мавридҳои дигар чун маркази фарҳангӣ медонам. Аммо ба маънии истилоҳи "Клуби ҳасатӣ" нарасидам. Ин чист?

Ибодулло Назрихуҷа, донишҷӯ

"Клуби ҳастаӣ" аслан иттиҳоди давлатҳо ё худ қудратҳои ҳастаии ҷаҳон аст, ки тасмим доранд монеъи гузтариши силоҳи атомӣ дар олам шаванд. Он баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон таъсис шудааст. Ба "клуб"-и мазкур ИМА (аз соли 1945), Русия (дар оғоз Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли  1949), Британияи Кабир (аз соли 1952), Фаронса (аз соли 1960), Чин  (аз соли 1964), Ҳиндустон (аз соли 1974), Покистон (аз соли 1998) ва Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Корея (изҳороти нахустин аз тавлиди силоҳи ҳастаӣ дар миёнаҳои соли 2005 пахш гардид ва моҳи октябри соли 2006 аввалин силоҳи ҳастаии худро озмоиш кард), дохил мешаванд. Танҳо Исроил аст, ки дар мавриди силоҳҳои ҳастаии худ лаб фурӯъ бастааст, вале аксари коршиносон бар онанд, ки ин кишвар дорои миқдори басо зиёди аслиҳаи атомист.

Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ як миқдори муайян силоҳҳои атомӣ дошт, вале ҳамаи онро бо хоҳиши худаш нобуд сохт ва ба кишвари бидуни аслиҳаи ҳастаӣ табдил ёфт. Украина, Қазоқистон ва Белоруссия низ дар аввалин солҳои истиқлолияташон бо имзои созишномаи Лиссабон ихтиёрӣ силоҳҳои ҳастаии аз Шӯравӣ боқимондаи худро ба Русия таҳвил дода буданд.

Аз давлатҳое, ки ба тавлиди силоҳи атомӣ гумонбар мешавад, Ҷумҳурии Исломии Ирон аст, вале то ба  ин дам ҷомеаи байналмилалӣ ҳеҷ далеле дар мавриди он, ки ин кишвар нияти сохтани онро дорад, пайдо накардааст. Теҳрон ҳамеша ба таври расмӣ аз хислати осоишта доштани барномаҳои ҳастаии худ ҳарф мезанад ва мегӯяд ин мамлакат ниёзе ҳам ба тавлиди силоҳи атомӣ надорад.

Аммо аз миёни ҳамаи кишварҳои дорои силоҳи атомӣ танҳо 5 мамлакат расман қудрати ҳастаӣ шумурда мешаванд, ки инҳо ИМА, Русия, Британияи Кабир, Фаронса ва Чин мебошанд. Ҳинд ва Покистон аз ҷумлаи кишварҳои дорандаи силоҳи атомӣ эътироф шудаанд, вале на қудрати атомӣ. Аргентина, Бразилия, Миср, Олмон, Ироқ. Япония, Либӣ, Лаҳистон, Руминия, Куриёи Ҷанубӣ, Шветсия, Швейсария ва Тайван мамолике мебошанд, ки барномаҳои ҳастаии худро таътил кардаанд. Дар ин миён Арабистони Саъудӣ, Исроил ва Ирон ба доштани силоҳи атомӣ гумонбар мешаванд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi