02:53:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Пурсишеву посухе: Имтиҳони муҳоҷирон лағв шуд?

Оё дуруст аст, ки муҳоҷирин дар Русия дигар имтиҳони забону таърихи Русия намесупоранд?

Салим Афзалов, Хуҷанд

migranty-russkij-yazyk-624Бале, ин гуна хабар дар ҳамаи расонаҳои Тоҷикистон интишор ёфт ва дар назари аввал хуштарин хабари солинавӣ ҳам буд. Вале "Рӯзгор" барои рушанӣ андохтан ба суоли шумо ба Абдулло Давлатов, Раиси созмони "Иттиҳоди тоҷикони Русия" муроҷиат намуд. Маълум шуд, ки хабар чандон саҳеҳ нест. Инак, ҷавоби Абдулло Давлатов: "Аслан чунин нест. Барои муҳоҷироне, ки дар соҳаи коммуналӣ (ЖКХ), савдо, хизматрасонии иҷтимоӣ ва беъзе соҳаҳои дигар фаъолият доранд, супоридани имтиҳони забони русӣ ҳатмист!!!

Ин талаботи қонуни № 185-ФЗ аз 12 ноябри соли 2012 аст, ки муҳоҷиронро муваззаф сохтааст аз 1 декабри соли 2012 имтиҳон супоранд. Қонуне, ки аз тарафи Шӯрои федератсияи Русия лағв кардааст, ин иловаву тағиротҳое мебошанд, ки талаботро нисбати донистани таърих ва фарҳанги рус сахттар мекард.

Барои ҳамин, аз ҳамватанони муҳоҷирам хоҳиш мекунам, ки талаботи қонунро риоя кунанд! Яъне, агар аз касе сертификати забони русӣ талаб кунанд, талабашон қонунист! Қиммати давлатии имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон каме бештар аз 3 ҳазор рубл аст. Барои нафароне, ки мехоҳанд барои дарёфти шаҳрвандии Русия имтиҳони забони русӣ супоранд - 5 330 рубл аст.

Нархи курси омӯзиширо изофа кунед, ки ҳар марказ бо назардошти худаш қимматгузорӣ мекунад. То қабули қонуни нав, ҳарчӣ зудтар имтиҳон супоранд. Зеро талабот ва арзиши сертификат гаронтар хоҳад шуд!

Зимнан, бо истифода аз фурсат мехоҳам як нуктаро гӯшзад кунам: Касоне, ки мехоҳанд ҳарчи зудтар имтиҳон супоранд, метавонанд ба мо муроҷиат намоянд. Барои муҳоҷирони корӣ 50% маблағро фонде, ки бо мо ҳамкорӣ дорад, пардохт мекунад. Яъне, на 3 ҳазор, балки 1,5 ҳазор хоҳанд супурд.

Соли нав аз мо набошад, пас аз кист?

Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" матлабе дар бораи Соли нав хондам. Яъне, ҷашни Соли наву арчава Бобои барфӣ ва Барфак. Аммо мехостам донам, ки аслан ин Соли нав моли кадом дину оин аст? Муборакбодии он барои мусалмонон гуноҳ нест?

Марҳабо Салимова, Душанбе

Бисёриҳо онро мутааллиқ ба насрониҳо медонанд. Аммо ахиран роҳиби калисои насронии Душанбе Питирим ин гуна иддиоро рад кард. Вай гуфт, ки на Соли нав аз масеҳият аст ва на атрибутҳои он Бобои барфиву Барфак. Ба гуфтаи ӯ ба насроиниён рабт додани ин ҷашнвора дуруст нест ва инҳо ҳама боқимонда аз замони ҷоҳилиятанд. Вай бар ин назар аст, ки асосан онро Сталин дар Иттиҳоди Шӯравӣ муд карда буд ва аз он замон халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз он таҷлил мекунанд. Ба гуфтаи Питирим соли нави месеҳиён аслан 14 сентябр аст, вале боз ҳам агар саҳеҳтар гуфта шавад, пайравони оини масеҳӣ дар гузашта моҳи март соли нав доштаанд.

Чуноне дида мешавад, башарият дар гузашта ба он иттифоқи назар доштааст, ки сол моҳи март нав мешавад. Вале ба он танҳо эронитаборон содиқ монданд ва Наврӯзрро, ки дар оғози даҳаи сеюми моҳи март меояд, оғози соли Нав меноманд. Роҳиби калисои масеҳии Душанбе исрор дорад, ки Бобои барфиву Барфак мероси замони ҷоҳилиятанд ва худи соли нав ин танҳо тағйири тақвим асту бас.

Дар мавриди муборакбодии ин рӯз барои пайравони Ислом дуруст аст ё не, назари руҳонии саршиноси кишвар Эшони Сайидқиёмуддини Ғозиро меорем, ки дар сомонаи "Мисбоҳ" омадааст: "Соли нави мелодиро ба касе табрик гуфтан ҳич гап надорад, ягон гуноҳ навишта намешавад, гуноҳ онҷо навишта мешавад, ки дар руз ва ё шаби соли нав базмҳои гуноҳ, маҷлисҳои олуда ва ғайри ахлоқӣ, исрофкориҳо ва ғайра доир гардад. 25 декабр рузи таваллуди ҳазрати Исо Масеҳ (салом ва дуруди Худо бар ӯ бод), мебошад. Исо Масеҳ (а), паёмбари улулазм ва шахсияти Илоҳие аст, ки ҷисм ва руҳи инсонҳои асри хешро сайқал ва покиза намуд, ба зиндагии онҳо ҷон дод ва бо истикбор бо забону баёну рафтору кирдори худ ҷангид". Ва зимнан эшони Сайидқиёмуддин пешниҳод мекунад, ки "аз онҷо, ки мо мусалмон ва тоҷикистонӣ ҳастем, тақвими худро ё ба ҳиҷри қамарӣ баргардонем ва ё ба шамсӣ". 

Абуалӣ ибни Синои абадзинда

Мехостам донам, ки дар куҷо ва чӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино номгузорӣ шудааст?

Таҳмина, Ёвон

Ба саволи хонанда устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, номзади илми тибб Қобилҷон Қобилов посух дод. Ба номи табиби оламшумул ва олими ҷаҳонӣ Абуалӣ ибни Сино, ки бидуни шак дар тибби ҷаҳонӣ мавқеъ ва мартабаи бузург дорад, кӯчаву хиёбон, муассисаҳои тиббӣ, растаниҳо, хиёбону гулгаштҳо номгузорӣ шудаанд.

Чунончӣ, рустанишиноси машҳур ва табиби ҳозиқи швед Карл Линней як намуди растании нав кашфкардаи худ аз оилаи Акантовҳоро Авитсенна номида буд.

Дар Тоҷикистон Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе номи ибни Синоро дорад. Қуллаи балантарин, ки аввалҳо қуллаи Кауфман, баъдан қуллаи Ленин номида мешуд, ҳоло ба номи Абу Алӣ ибни Синост. Ҳамчунин дар пойтахти кишвар хиёбоне номи ӯро дорад ва дар ростои он пайкараи ӯ гузошта шудааст.

Дар деҳаи Афшани вилояти Бухоро, ки зодгоҳи олими баруманд мебошад, осорхонаи Абуалӣ ибни Сино вуҷуд дорад. Соли 1990 дар шаҳри Бухоро Донишкадаи тиббӣ кушода шуд, ки ба номи Сино номгузорӣ карданд. Дар шаҳри Рига дар хиёбони маҷмаъаи беморхонаҳои Гайлэзерс соли 2006 пайкараи Абуалӣ ибни Синоро ифтитоҳ карданд, ки он амали пайкаратароши машҳур Ҷалолиддин Миртоҷиев буд.

Як кратер дар Моҳ ба номи ибни Сино гузошта шудаст. Дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Учқурғони Узбакистон, Донетски Украина кӯчаҳо ба номи Сино номгузорӣ шудаанд. Дар шаҳрҳои Анқараи Туркия пайкараи ӯ гузошта шудааст. Нимайкараи ӯро замоне дар девори собиқ китобхонаи ба номи Фирдавсӣ гузошта буданд, ки ҳоло ҳам барҷост. 

Ғайр аз ин дар бораи Абуалӣ ибни Сино китобҳои зиёде чо шудаанд. Чунончӣ, Ноа Гордони амрикоӣ ва набераи муҳоҷри Русияи подшоҳӣ дар романи худ бо номи "The Physician" (Табиб. Шогирди Авитсенна), ки соли 1988 интишор ёфтааст, аз сарнавишт ҷавони инглисе нақл мекунад, ки худро яҳудӣ эълон мекунад, то ин ки санъати тибии ибни Синоро биёмӯзад.

Соли 2011 нависандаи машҳури испонӣ Эсекьел Теодоро романи "Дастанвисҳои Авитсенна" ро чоп кард, ки бахшҳое аз зиндагиномаи олими бузургро дар бар мегирад. 

Ғайр аз ин дар бораи Сино филмҳо офарида шудаанд. Сериёли эронии "Ибни Сино" аз беҳтарин филмҳо дар ин замина ба шумор меравад. Соли 1982 "Тоҷикфилм" ва "Узбекфилм" муштаракан филмеро наворбардорӣ карданд, ки "Ҷавонии нобиға" номида мешавад. Аммо пештар аз ин филми дигаре низ бо ширкати ҳунармандони ду кишвар рӯи кор омада буд, ки коргардони он Комил Ёрматов буд. Ва ин ду худ мавзӯъи гуфтугӯи ҷудогонаест.

Кист Алфред Розенберг?

Аз матбуот хонда будам, ки гӯё ба наздикӣ ёддоштҳои яке аз машҳуртарин натсистони Олмони замони Ҳитлерро пайдо кардаанд. Ва гуфта мешуд, ки ин хотирот парда аз рӯи бисёр розҳои замони Ҳитлер мебардорад. Оё ман метавонам маълумоти бештареро дар ин бора пайдо кунам?

Сайидакобир Азаматов

pursish 45784554Бале, тибқи иттилои ахиран расонаишуда рӯзномаи кашфгардида мутааллиқ ба  Алфред Розенберг, яке аз сарварони "рейхи сеюм" будааст. Муддати 60 сол муҳаққиқон ин ёддоштҳоро ҷустуҷӯ мекарданд ва то ҳамин чанд моҳи охир он гумшуда ҳисобида мешуд. Баъди мурофиаи Нюрнберг гуноҳи Розенберг ва ҷиноятҳои вай ошкор гардиданд ва дар пайи пайдо кардани нусхаи аслии рӯзнома шуданд.

Ниҳоят баъди 60 сол ошкор шуд, ки айбдоркунандаи амрикоӣ Роберт Кемпнер онро бо худ ба Амрико бурдааст. Аммо баъди маргаш хонаводаи ӯ дастнависҳоро ба яке аз дӯстони наздики ӯ додаанд. Моҳи июни соли 2013 баъди интишори як мақола дар нашрияи олмонии Spiegel ҳукуматдорони ИМА онро мусодира ва ба осорхонаи Холокости ин кишвар дар Вашингтон супурдаанд. 

Муҳимтарин нукта дар рӯзнома он аст, ки ин натсисти машҳур аз ғояи бузургманишӣ ҳатто дар замони мурофиа даст накашид ва ҳамвора таъкид меркард, ки маҳз онҳо аз ирқи олианд ва дигар миллатҳо дар сатҳи поёнтар аз он қарор доранд. Навиштаҳои Розенберг шаҳодат аз он медиҳанд, ки чӣ гуна муоҳадаи Ҳитлер бо Сталин қабул шуд ва ҷангҳо дар ҷабаҳот ба кадом сурат пеш мерафтанд, Ҳитлер дар асл бо қаламрави ишғолии худ дар Укрина, Белорусия ва Русияву ҷамоҳири назди Балтик чӣ мехост бикунад. Ғояи нобудсозии ҳамаи яҳудиён дар қаламрави ишғолӣ мансуб ба ӯ буд.

Ҷолибтар аз ҳама забони  Алфред Волдемарович Розенберг русӣ буд ва ин дар шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномае, ки соли 1923 гирифта буд, тасдиқ шудааст. Ӯ дар Таллин тавалуд шудаву ба воя расида буд. Бармаҳал аз волидонаш маҳрум гардид. Ӯро холаҳояш ба камол расонданд. Дар 22 солгаӣ издивоҷ кард ва зери таъсири хонаводаи ҳамсараш, ки аз олмонитаборҳои тарбиядида буданд, моил ба ғояҳои натсистӣ шуд.

Вай Толстой, Достаевский ва Тургеневро хуб хондаву омӯхта будааст. Аммо ба инқилоби Ленин назари манфӣ дошт. Ин буд, ки ба Олмон муҳоҷират кард ва ба ташкилоти пинҳонкори миллигароён пайваст. Ба Ҳитлер маҳз фанатизми ӯ писанд буд, аз ин рӯ зуд ба вай наздик шуд ва истифода бурд. Фюрер аввал Розенбергро ҷонишин ва баъд сардабири нашрияи "V?lkischer Beobachter" таъин кард. Вале тадриҷан ба роҳбарияти "рейхи сеюм" пазируфта мешавад. 

Баъди шикасти Ҳитлер Розенберг талош кард фирор кунад, вале натавонист.

16 октябри соли 1946 бо қарори додгоҳи Нюрнберг ба дор кашида шуд ва ҷасадашро сӯзониданд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №01, 08 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi