06:15:27 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

«Меҳргон омад, муборак, меҳргон омад!»

Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо, дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил мегардидааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи он моҳро Меҳр гузоштаанд.

idi mehrgon 895544512Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросими зиёд доир мешудаанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ будааст. Аз ин рӯ пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон он замони муносиб будааст.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши ин ҷашни қадимии кишоварзӣ иброз доштаанд, «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнда, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

«Меҳргон иди миллии мо аст»,-мегӯяд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло. Дар зер андешаҳои пурраи шоир манзур мешаванд.

-Вақте сухан аз маросими милливу суннату анъанаҳои дерину таърихии халқи тоҷик меравад, маро ҳамеша эҳсоси ифтихору сарфарозӣ фаро мегирад. Зеро, воқеан ҳар маросиму суннати волои миллии мо ҷойи сарфарозиву ифтихор дорад. Ҳар маросими миллии мо, баргирифта аз ҷашни Наврӯз, ҷашни Сада ва Меҳргон ва даҳҳо суннатҳои волои миллиамон- ҳар кадоме як ҷаҳон маърифат, фазилат, фалсафаву ҳикмат, фарҳангу санъати нотакрори худ, симои барҷаставу хосу бешабеҳи милливу таърихии худро доранд.

Ҳар яке аз ин маросими фархундаву барҷастаи миллии тоҷикон як донишгоҳ ва мактаби олие мебошанд, ки муассисаш халқи фозил ва шоиртабиати тоҷик буда, асрҳо инҷониб миллати моро донишу адаб, фарҳангу маърифати баланд меомӯзонанд. Миллате, ки аз ин мактабҳо гузаштааст, мисли миллати мо миллате соҳибзавқу бофарҳанг, инсонпарвару хайрхоҳу некманишу некбин, маърифатпарвару башардӯст аст, зеро аз сифатҳои волои сиришти халқи соҳибтамаддуни мо сиришта шудааст. Метавон беохир фазилатҳои Наврӯзи фархундақадамро ном бурду ном бурд. Ҳамчунон аз суннатҳои волои маросими ҷашни Сада — яке аз қадимтарину фархундатарин суннатҳои башарӣ ва хуҷастагиҳои ҷашни дигари миллии тоҷикон- Тиргон ҳикоятҳо кард.

Чун ҳоло мо дар пешорӯи яке аз хуҷастатарин маросими миллии халқамон- ҷашни Меҳргон қарор дорем, мехоҳем аз фазилатҳои ин маросими неки миллии тоҷикӣ, ки аз фархундатарин ва ибратомӯзтарин маросими башарӣ аст, суҳбат ороем. Воқеан боз ҳам ҷои ифтихору сарфарозӣ аст, ки тамоми маросими гуфташуда ва даҳҳо ойини дигари миллиамон, агар нек бингарем, аз доираи аҳамияти миллӣ фаротар рафтаву башарӣ ва умумиҷаҳонӣ шудаанд. Зеро ҳадафу ниятҳои волои ин маросим чунон ҳастанд, ки онҳо бар дарди тамоми башарият мехӯранд, онҳо маросиме ҳастанд, ки на фақат армони миллии мо, балки умеду ормони ҳама халқҳои олам, кулли одамизодро ифода мекунанд ва чунонки солҳои охир мебинем, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо меҳру муҳаббат пазируфта мешаванд.

Аввалан бояд шукргузор аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сиёсати ватандӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, ки ба ин маросим ва суннатҳои миллии мо умри дубора доданд ва барои на фақат эҳёи тозаи онҳо, балки зуҳури дурахшонашон бо ҳусну оҳанги нав ва ҳадафҳои волои милливу инсонӣ мусоидат менамоянд.

Инак, дар асоси маълумоти сарчашмаҳои қадимӣ ва пажуҳишу таълифоти олимони ҳамзамонамон метавон баъзе хуҷастагиҳои ин ҷашни миллиро пеши назар оварем ва ёдрас шавем.

Худи ин далел, ки асоси истилоҳи Меҳргонро вожаи меҳр ташкил додаасту вожаи меҳр дар забони тоҷикӣ чанд маънои хуҷаста дорад ва маънои аввалини гарму рӯшани он муҳаббат ва дӯстдорӣ, самимият ва инсонигарӣ аст ва маънои дигари он Меҳр, яъне Офтоб аст, далели иди муҳаббату дӯстдорӣ ва гармиву рӯшноӣ будани Меҳргон аст.

Иди Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи Офтоб ҷашн гирифта мешудааст. Дар моҳи меҳр Офтоб дар бурҷи мизон қарор мегирад ва то аз он бароманаш як моҳро ташкил медиҳад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар таърихи чаҳордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябр тибқи тақвими маъмули имрӯза ҷашн гирифта мешавад.

Дар гузашта анъанаҳои гуногуни барпо намудани иди Меҳргон вуҷуд доштаанд. Рӯзҳои аввали ин идро “Меҳргони омма” меномиданд ва он шаш рӯз идома ёфта, рӯзи охири онро, ки “Ромрӯз” меномиданд, “Меҳргони хосса” мегуфтаанд.

Ҷашни Меҳргонро бо тантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ барпо менамуданд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштанд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ мепӯшиданд. Аз замони Фаридун анъана шудааст, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд.

Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристоданд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш шуда буд, ба сар мениҳод ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам гардид.

Мардум бовар доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешаванд. Шоҳону сарварон дар рӯзи иди Наврӯз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд, бо фаро расидани иди Меҳргон сипоҳиёну хизматгузорон ба сару либос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб мегаштанд. Давраҳое ҳам будааст, ки бо амри шоҳон иди Меҳргони омма ва Меҳргони хоссаро бо ҳам пайваста, чанд рӯз ид мекардаанд. Ин навоварӣ дар даврони Ҳурмуз- писари Шопури Сосонӣ ҷорӣ шуда, баъдтар ҳатто Меҳргонро як моҳи пурра ид мекардаанд. Дар рӯзи Меҳргон дастурхоне аз матои сурх мегустурданд ва онро бо нонҳо аз зироати ҳамон сол рӯида оро медодаанд

Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтаанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Гоҳо шумораи навъи онҳоро ба дувоздаҳ ҳам мерасонидаанд, аз қабили найшакар ё шакар, турунҷ, себ, биҳӣ, анор, унабӣ (ҷигда), ангури сафед ва меваҳои гуногуни тоза хушконидашуда.

Ҳамчунин дар рӯи дастархон меваҳои тару тоза, шохҳои гули шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ мегузоштанд. Ҳар маводи ғизоии рӯи хон низ рамзи хоси худро дошт: шакар-ширинии умр; хурмо серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ; бӯйи хуш-хушии табъ; гули нилуфар-реша дар об доштан; норгил ё чормағз- сермағзӣ ва сахтии тан; ҷавзи ҳиндӣ-пурборӣ; муруд-хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ, серборӣ; ҷоми тиллоӣ-шаҳомат, покӣ, баракат; анор-серфарзандӣ; равғани зайтун –хушбӯӣ.

Ҷашни Меҳргон дар даврони қадим ва махсусан дар аҳди Сосониён (асрҳои 3-7) хеле шукуҳ ёфта, минбаъд бо тағйири шакл дар аҳди хилофати араб, дар давраи Тоҳириёну Саффориён ва хусусан дар аҳди Сомониён дар байни халқ маъруф гашта, тантанаи хос ба худ гирифт.

Дар инъикосу тарғиби иди Меҳргон нақши шоирони бузурги мо, аз ҷумла Устод Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон, Манучеҳрии Домғонӣ, Ҳоқонии Шервонӣ ва сухансароёни дигар бузург аст.

Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ситоиши ин иди миллии халқи тоҷик сурудааст:

Малико! Ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад,

 

Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

 

Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,

Май ба ҷои арғувон омад.

 

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,

Май ба бахти ту навҷавон омад.

Маъруфияти Меҳргонро боз аз он дарк кардан мумкин аст, ки дар таърихи санъати миллии аҷдодонамон сурудҳои мавсимию маросимии “Меҳргони бузург”, “Меҳргони хурд” ва “Меҳргонӣ” маълуму машҳур будаанд, ки оҳангҳои онҳоро ба Борбади Марвазӣ нисбат медиҳанд.

Хушбахтона, дар сарчашмаҳои хаттии пешина ва осори олимону адибони гузашта доир ба иди Меҳргон маълумоти фаровон омадааст. Дар адабиёти гузаштаи мо Наврӯз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобастагӣ пайдо кардааст. Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” таъсиси ҷашни Меҳргонро чунин ба навор меоварад:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,

Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.

 

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ

Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.

 

Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ

Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

 

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ…

 

Бифармуд то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

 

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан оини ӯст.

 

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр….

Ҳаким Фирдавсӣ дар ҷойи дигар ҳам аз Меҳргон ёд мекунад:

Бикард андар он кӯҳ оташкада,

Бад-ӯ тоза шуд Меҳргон аз Сада.

Масъуди Саъди Салмон низ дар тасвири иди Меҳргон гуфтааст:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!

Меҳргон- рӯзи меҳри моҳи меҳр дар таърихи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябри тақвими маъмули имрӯза ҷашн гирифта мешавад. Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда, гуфта будааст: “Ин ид барои умуми мардум аст.”

Қариб дар аксари навиштаҳои адибони классики мо Меҳргон ҳамчун ҷашни сатҳи баланд ва ҷашни шоҳону амирон таъкид шудаааст. Манучеҳри Домғонӣ фармудааст:

Эй амири меҳрубон, ин Меҳргон хуррам гузор,

Фарру фармони Фаридун варз бо фарҳангу ҳанг.

Аз мутолиаи ашъор ва адабиёти ба Меҳргон ва идҳои миллии дигар бахшидаи шоирони классикамон чунин хулоса метавон баровард, ки ҳанӯз дар он замонҳо бузургони гузаштаамон бо ситоиши ҷашну идҳои миллӣ кӯшидаанд ба суннату ойинҳои неки миллиамон арҷ ва дар тарғиби худшиносии милливу шинохти ҳувияти миллӣ нақши мондагор гузоранд. Ва воқеан ин ашъор имрӯз, пас аз гузаштани садсолаҳо ҳам, нақши боризи худро дар бедории шууру эҳсосоти миллӣ ва ангезишҳои ифтихори миллӣ мегузоранд.

Бад-ин тариқ, Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ёфтани Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар қатори ҷашну идҳои дигар ҳамчун иди миллӣ шинохта шуд. Он ҳамасола дар сатҳи баланд бо таҳияи барномаҳои нав ба нави рангин таҷлил меёбад.

Меҳргон мардум ва ҷавонону наврасони моро дар руҳияи худшиносии миллӣ ва шинохти асолати миллӣ тарбия менамояд.

МЕҲРГОН ОМАД

Меҳргону фасли меҳрафшони он омад!

Ханда кун, бархез ҷоно, Меҳргон омад!

Файзу ободиву серӣ рӯи хон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Пайки осоиш табиатро ба ҷон омад!

Меҳри Эзад дар дурахши дидагон омад!

Меҳр бар дил, меҳр бар ҳар хонадон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Чун паёму пайки нек аз бостон омад!

Чун фурӯғи эзадии рафтагон омад!

Файзу фар аз остон то осмон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Ашки шодӣ бо фари Ашкониён омад!

Тоҷи Сосонӣ ба сар тоҷи каён омад!

Муждаи пирӯзии Сомониён омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Муждагонӣ аз вафои ёри ҷон омад!

Меҳрубонӣ дар қабои дилбарон омад!

Меҳргонӣ бода дар ҷоми замон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Токҳо ангур дар каф, шохаҳо дар даст себ,

Резад аз ҳар навдае бар дӯши мо барги заҳеб,

Бодаҳо саршору гул бо ҷӯши ҷон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Рӯд бо савту навое дар равон омад!

Ҳар гиёҳе бо муҳаббат бар забон омад!

Пайки хуш бар меҳани озодагон омад!

Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!

Камол НАСРУЛЛО, 

Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi