21:51:14 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧОҲЕ, КИ БА КАНЪОН ОВАРД

Қиссаҳо аз рӯзгори ҳиҷрат

Майдони Ҳавоӣ, ки дар дувоздаҳкилометрии ҷануби шаҳри Қундуз ҷойгир шудааст, аз баландии парвози уқоб суфаи бузургеро миёни ҳавлии ниҳоят васеъ мемонад. Масоҳати ин суфаи бузург беш аз ҳазор гекторро ташкил медиҳад ва дар ҳудуди тахминан 50 метр аз қишлоқҳои дар атрофаш буда, баландтар мавқеъ гирифтааст.

/images/stories/2012/07/06_qissaho_060712_1.jpgДар солҳои ҷанги Иттиҳоди Шуравӣ зидди Афғонистон Майдони Ҳавоӣ қароргоҳи дивизияи 201 – уми нирӯҳои низомии Шуравӣ буд. Ин воҳиди бузурги низомии даҳҳазорнафараи Армия Советӣ, ки қаблан дар шаҳри Душанбе мустақар буд, баъди шурӯъи ҷанг аввалҳои соли 1980 сарҳадро убур карда дар ҳамин Майдони Ҳавоӣ ҷойгир шуд.

Шоҳидон нақл мекарданд, ки Майдони Ҳавоӣ ҳангоми дар он ҷо будани сарбозони Шӯравӣ як шаҳрчаи ободу зебои низомиро мемонд. Бо барқу об таъмин буд. Муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишиаш фаъол буданд.

Вақте, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон як қисми мардум ба хоки Афғонистон паноҳ овард, раҳбарияти вилояти Қундуз лозим донист, ки аз се як қисми паноҳандагони тоҷикро маҳз дар ҳамин Майдони Ҳавоӣ ҷо ба ҷо кунанд. Ҳамин тариқ аввалин муҳоҷирини тоҷикӣ дар Майдони Ҳавоӣ охирҳои декабри соли 1992 пайдо шуданд.

Онҳо хонаҳои истиқоматии собиқ сарбозону қумандонҳои шӯравиро ҷои зисти хеш қарор доданд. Агарчи дару тирезаҳои хонаҳо аксаран шикаста буданд ё умуман вуҷуд надоштанд, вале дар шароити зимистон ин манзилҳо беҳтарин сарпаноҳ ба ҳисоб мерафтанд. Замистонро дар хаймаҳо гузаронидан имконнопазир буд.

Табиист, ки баъди рафтани сарбозони Шӯравӣ дар Майдони Ҳавоӣ на барқ буду на об. Муҳоҷирин обро тавассути мошинҳои обкаш аз масофаи беш аз панҷ километр меоварданд Рӯзҳои аввал чор мошини обкаши тамғаи « Татра» - и истеҳсоли Чехия дар систернаҳои худ, ки зарфияти ҳар кадом бистонагӣ буд, барои қариб ҳаждаҳ ҳазор паноҳандаи тоҷик об меоварданд.

Воқеан, ин мошинҳоро яке аз созмонҳои хайрияи байналмиллалие ба ихтиёри муҳоҷирин вогузор карда буд. Ҳар мошин рӯзе ду маротиба: як бор субҳ, як бор баъди намози аср об меовард. Азбаски мардум зарфи обгирӣ надошт, тирдонҳоро, ба хусус гилзаҳои тири танкро ба ҷои зарфи обгирӣ истифода мекард. Муттаассифона , мошинҳо ба ин режими обкашӣ оқибат тоб оварда натавониста, яке паси дигаре аз кор баромаданд.

Аз масофаи панҷ километр пиёда овардани об хеле ҳам душвору сангин буд, вале дигар илоҷ набуд. Ҷаласаи Шӯрои уламои исломии Кумитаи муҳоҷирин фатво дод, ки муҳоҷирин тибқи шариат таҳорат ва ғусли танро дар чунин ҳолатҳои камбуди об ба таври таяммум (яъне бидуни об) ба ҷо биёранд. Обро бошад танҳо ҳам барои нӯшидан ва пухтани нону хӯрок истифода кунанд. Ин амал ғайрибеҳдоштӣ бошад ҳам, дигар илоҷ набуд.

Муҳоҷирин маҷбур буданд, ки ба ҳамин роҳ бираванд. Дар байни онҳо касалиҳои гуногун авҷ гирифт. Тифлон одатан ба касалии сурхакон (қазамуқ) ва калонсолон ба касалии домана гирифтор мешуданд. Аксари ашхосе, ки ба касалии домана гирифтор мешуданд, ҳангоми баланд шудани таб ҳарзаву ҳазён мегуфтанд. Муӣ сари онҳо мерехт. Духтурони шифохона, ки худ низ паноҳанда буданд, мегуфтанд, ки ба чунин навъи касалии домана бори аввал дучор меоянд.

Сабаби асосии ба ин гуна касалиҳо гирифтор шудани муҳоҷиринро духтурҳо дар ифлос будани оби нӯшокӣ медонистанд. Оберо, ки бо сад машаққат аз роҳи дур меоварданд, дар зарфҳои ба талаботи беҳдоштӣ ҷавоб намегуфтагӣ нигоҳ медоштанд. Истифода аз чунин обҳо оқибат оворагони тоҷикро ба бемориҳои гуногун мубтало мекард. Рӯзе набуд, ки се – чор тифл ва як ду шахси калонсол бар асари бемориҳои зикршуда вафот накунанд.

Ин вазъият аҳволи муҳоҷиринро ба танг оварда буд. Баъзеҳо роҳи халосиро дар тағйири ҷои истиқомат медонистанд, ҷое ки ба манбаи об наздиктар бошад. Вале дар он сурат мушкилоти дигаре - бесарпаноҳӣ пеш меомад. Дар шароити зимистон он низ хавфи бузурге бо худ дошт. Чӣ бояд кард? Бахти худро дар кандани чоҳҳо бояд санҷид. Муҳоҷирин гурӯҳ- гурӯҳ шуда дар ҷойҳои гуногуни Майдони Ҳавоӣ ба кандани чоҳҳо оғоз карданд.

Рӯзи аввал ҳар як гурӯҳ се – чор метрӣ чоҳ канданд. Вале ба ҳеҷ кадом муяссар нашуд, ки обро барорад. Рӯзи дуввум низ чоҳҳоро боз се чор метрӣ чуқуртар канданд. Аммо ҳеҷ не, ки нишоне аз мавҷудияти об пайдо шавад. Рӯзҳои сеюму чорум низ баъзе аз гурӯҳҳо ба кори худ идома доданд. Ҳайҳот, чуқурии баъзе аз чоҳҳо ба дувоздаҳ – понздаҳ метр расида бошад ҳам, вале аз об ҳанӯз дарак набуд. Аз чунин ранг гирифтани кор баъзе гурӯҳҳо ноумед шуда чоҳканиро қатъ карданд.

Се-чор гурӯҳ бо шавқ мусобиқакунон боз чор панҷ рӯзи дигар чоҳ канданд. Чуқурии баъзе чоҳҳо аз сӣ метр гузашта бошад ҳам, вале ба қавле «бӯи об» ҳам ҳанӯз ба машом намерасид. Ба замми ин дар яке аз чоҳҳо зарфи хоккашӣ канда шуд ва қариб буд, ки яке аз чоҳканҳоро ба ҳалокат бирасонад.

Вале хавфи аз ҳама калон эҳтимоли фурӯ рафтани худи чоҳҳо мудом дунболагири чоҳканҳо буд. Ҳеҷ яке аз чоҳканҳо ёд надошт, ки чоҳеро дар ватан зиёда аз бист метр канда бошанд. Чуқуртарин чоҳ ҳамеша то бист метр об мебаровард. Дар ин ҷо бошад чуқурии чоҳ аз сӣ метр гузашта бошад ҳам, вале аз об дарак набуд. Ай Худои бузург, магар дар ҳақиқат, ин мавзеъ мисли номаш майдони заминӣ не, Майдони ҳавоӣ аст?

Кандани чоҳҳо торафт душвортар мешуд. Ҳам хавфи фурӯ рафтани чоҳ меафзуд, ҳам дар қаръи он нарасидани ҳавои нафаскашӣ эҳсос мегардид. Аз ин рӯ яке паси дигаре гурӯҳҳо чоҳканиро қатъ карданд. Ба ҷуз гурӯҳи бобои Хайриддини Набот. Бобои Хайридди низ ба хотири эҳтиёткорӣ ба дигар аъзои гурӯҳи худ, ки аксаран ҷавон бданду аз хешу ақрабояш, идомаи чоҳканиро иҷозат надод. Ин кори душвор ва басе хавфнокро ин муйсафеди шасту ҳафт сола бевосита шахсан ба душӣ худ гирифт. Фарзандонаш хостанд мамониат кунанд, нагузошт.

/images/stories/2012/07/06_qissaho_060712_2.jpgАз онҳо талаб кард, ки танҳо бо кашидани хоки чоҳ машғул бошанду халос. Чоҳ дар наздикии масҷиди ҷомеъ канда мешуд. Бобои Хайриддин одатан қабл аз он, ки ӯро тавассути арғамчини пурқуввате ба чоҳ фароранд, ҳамеша таҳорат карда дар масҷид ду ракаат намози нафл мегузорид ва аз имоми масҷид дуъои хайр мегирифт. Ин рафтори бобои Хайриддинро ҳар кас ҳар хел шарҳ медод. Вале аксаран бар он буданд, ки бобои Хайриддин бо ин амалаш ба атрофиён ба ҳар воқеаву ҳодиса омода будани худро изҳор медорад. Ҳарчанд бо забон чизе намегуфт.

Бад ин минвол рӯзе ду – се метрӣ чоҳ канда мешуд. Чуқурии чоҳ аз чилу ҳафт метр гузашта бошад ҳам, вале об нест, ки нест. Масъулин умедашонро аз чоҳканӣ дар Майдони Ҳавоӣ ҳам канданд. Дар ҷустуҷӯи мавзеи истиқоматии дигаре шуданд, ки аз об камбудӣ надошта бошад. Чунин ҷойро низ пайдо карданд. Дар самти Чордарра, мавзеи хушбоду ҳавое, вале боз ҳам камоб. Барои эҳтиёт чоҳ низ канданд. Дар чуқурии ёздаҳ метр об баромад.

Оби ширин. Акнун мардумро барои ба онҷо рафтан мутақоид кардан даркор буд. Мардум бошад интизори натоиҷи кори бобои Хайриддин. Овозаи чоҳкании муҳоҷирини тоҷик, ба хусус, қотеъияти бобои Хайриддин дар ин кор, ба гӯши роҳбарони шаҳру вилояти Қундуз низ расид. Онҳо дар баробари аҳсанту офарин гуфтанҳо аз дар оқибат натиҷаи мусбат додани ин амали бобои Хайриддин изҳори шубҳа карданд.

Баъди ин на танҳо хешу ақрабо, балки муҳоҷирин низ аз бобои Хайриддин хоҳиш мекарданд, ки чоҳканиро қатъ кунад. Дигар аз он фоидае нахоҳад буд. Хавфи фурӯ рафтани чоҳ аз ҳарвақта дида бештар шуда буд. Вале бобои Хайриддин хомӯшона ба гапҳои онҳо гӯш андохта, ду се бор тасдиқомез сар ҷунбонда, боз хоҳиш мекард, ки ӯро ба чоҳ фароранд. Ҳар рӯз дар атрофи чоҳ мардуми зиёде ҷамъ меомад.

Ҳамаи онҳо бо чашми сар медиданд, ки вазъи саломатии бобои Хайриддин пеш аз фаромадан ба чоҳ чи гуна ҳасту баъди аз он баромадан чи гуна. Бинобар ин қотеъонатар талаб мекарданд, ки бобои Хайриддин чоҳканиро бас кунад. Вале бобои Хайриддин танҳо боре дар ҷамъи зиёде чунин изҳор дошт: «Агар Худо насиб карда бошад об барояд, пас ман чоҳ дар роҳи Худо кандаам ва аз оби он шукргӯён ҳамагон нӯши ҷон хоҳем кард.

Вале агар Худое нахоста фалокате рӯх диҳад, пас бидонед, ки ман манзили охирати худро бо дастони худ кандам ва бароям бо дуо раҳмате бифиристед». Баъд аз ин муҳоҷирин дар тамоми масоҷид дар панҷ вақти намози худ даст ба дуо мебардоштанд, ки Худованд бобои Хайриддинро нигоҳ дораду дар кори хайр пирӯзиро насибаш гардонад.

Рӯзе, ки Устод Нурӣ ба Майдони Ҳавоӣ омад, бобои Хайриддин дар чуқурии панҷоҳу шаш метр аввалин бор хоки бо рег олудаи тар меканд. Баъди ним метри дигар фақат сангу реги тар ба дами теша бармехӯрд. Худоё, наход, ки оби деринтизор пайдо шуд. Ҳанӯз обро нодида ашк аз чашмони бобои Хайриддин шашқатор гардид.

Ай Худои бузург, Ту дар ҳақиқат Раҳимиву Каримӣ. Даричаи хазинаи эҳсонатро расо як моҳи дароз ҳаррӯз густохона куфтам, куфтам, куфтам. Худоё, магар раҳмат омад, ки билохира Ту онро кушодӣ, раҳми мо ғарибонро хӯрдӣ? Шукронаи эҳсонат ай Парвардигори олам. Ту ба мо об не, ҳаёти дубора бахшидӣ, умеду боварӣ ба фардо додӣ, Худоҷон, гӯён тешаи аз об таршударо ба миёнаш маҳкам баст бобои Хайриддин. Акнун бо белча лойро тез – тез ба сатил пур мекард.

Хабари пайдо шудани реги тар ва лой дар чоҳи бобои Хайриддин барқасо дар тамоми урдугоҳҳои муҳоҷирин паҳн шуд. Бачаҳо ва наврасон ба сӯи чоҳ шитофтанд. Ҳама баромадани обро бесаброна интизор буданд. Баъзеҳо ашк мерехтанду шукр мегуфтанд. Баъзеҳои дигар бовар намекарданд, наход… наход…

Дар чуқурии панҷоҳу ҳафт метр бобои Хайриддин сатилро аз лой пур карда ба боло мефиристод. Ана, лаҳзаи ҳассосу гуворо ҳам фаро расид. Об баромад. Об аз чи бошад, мисоли шир сап – сафед буд. Оё Замин – Модар билохира синаи раҳмашро ба истиқболи муҳоҷирини дур аз Ватан магар боз кард? Ё ин подоши Илоҳӣ буд барои устуворӣ ва матонати бобои Хайриддину муҳоҷирони дигар?

Бобои Хайриддин имрӯз бори аввал аз қаъри чоҳ ба боло назар андохт. Худро даруни нақби дарозе пиндошт. Бо тамоми қувва «Ов умад, ов!» - гӯён фарёд кашид. Дар ҷавоб наъраи Аллоҳу Акбарро шунид. Муҳоҷирин якдигарро ба оғӯш мегирифтанду мебӯсиданду хурсандӣ мекарданд, ашки шодӣ мерехтанд. Охир, об омад, оби зиндагонӣ, оби ҳаёт.

Ин овораҳои дар ёди ёру диёр чеҳразарду қалбҳо пураздард баъди ҳиҷрати иҷборӣ аз Ватани азизашон бори нахустин буд, ки чунин самимона, аз сидқи дил шодӣ мекарданд. Кӯдакон шодии калонсолонро дида дасту почак мезаданд, рақс мекарданд. Онҳо дер боз падарону бародарони калонсоли худро чунин фараҳманду хушҳол надида буданд…

Устод Нурӣ баъди нӯшидани косаи аввалини оби бо обилаи кафи дасти ҳамватанаш дар ин дори ҳиҷрат ҳосилшуда шукургӯён ба мардуми сершумори атрофи чоҳ рӯ овард:

- Ҳамватанони азизу гиромӣ, имрӯз аз ин чоҳи барои ҳамаи мо хеле ғайриоддӣ ва акнун боз хеле азизу пурқиммат сиҳату саломат ва бо пирӯзӣ берун шудани бобои Хайриддин дар худ фоли нек дорад. Мо низ, муҳоҷирини тоҷик, имрӯз дур аз Ватан дар чоҳи яъсу ноумедиву кашмакашиҳои рӯзгор ҷойгир шудаем. Худо хоҳад мо низ фардо аз ин чоҳи шикасту ноумедиҳо бо пирӯзӣ, дури мақсад дар каф, берун хоҳем шуд ва бо сарфарозиву шарафмандӣ, ба Канъони худ, Тоҷикистони азиз, хоҳем баргашт.

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi