22:44:52 05-уми Июни 2025 сол

ВАЗИРИ ХОРИҶАИ БРИТОНИЁ БА РУСИЯ САФАР КАРД

Дэвид Милибэнд, вазири уумри хориҷаи Бритониё сафареро ба Маскав, пойтахти Русия, оғоз кардааст. Ин аввалин сафари як вазири умури хориҷаи Бритониё ба Русия дар панҷ соли гузашта аст.

 

Баъд аз қатли Александр Литвиненко, узви собиқи КГБ, сервиси амниятии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ки ба Бритониё муҳоҷират карда буд ва дар Лондон зиндагӣ мекард, равобити миёни Бритонёи ва Русия дӯстона набудааст. Пулиси Лондон марги оқои Литвиненкоро қатл эълом кард ва таҳқиқот дар Бритониё ҳокӣ аз он будааст, ки маъмурони аршади сервиси амниятии Русия дар ин ҳодиса даст доштаанд, аммо Русия ҳозир нашудааст афроди гумонбарро ба Бритониё истирдод диҳад.

 

Оқои Милибэнд дар веблогаш дар сойти вазорати умури хориҷа навишта, ки Бритониё ҳамвора бо Русия "ҳамақида" набудааст, аммо эътироф кард, ки ин кишвар яке аз қудратҳои бузурги ҷаҳон ва шарики тиҷории муҳиме аст. Интизор меравад меҳвари гуфтугӯҳои мақомҳои ду тараф Эрон, Ховари Миёна ва Афғонистон бошад.

 

Дар ҳоле ки Ҷек Стро, охирин вазири умури хориҷаи Бритониё буд, ки ба Русия сафар кард, (соли 2004) Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, мукарраран бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия дар иртибот будааст ва худи оқои Милибэнд низ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар гирдиҳамоиҳое хориҷ аз Русия мулоқот доштааст.

 

Вазорати умури хориҷаи Бритониё гуфтааст, ки оқои Милибэенд пеш аз бозгашт аз ин сафар дар рӯзи сешанбе (3 ноябр), бо сиёсатмадорон, раҳбарони ҳавзаи тиҷорат ва намояндагони ҷомеъаи мадании Русия мулоқот хоҳад кард. Яке аз сухангӯёни вазорати умури хориҷаи Бритониё гуфт: "Русия дар талошҳое, ки барои ёфтани роҳи ҳалле барои чолишҳои бузурги ҷаҳонӣ дар ҷараён аст, нақши муҳиме дорад."

 

Равобити тира

Оқои Литвиненко дар моҳи ноябри соли 2006 дар рестуроне дар маркази Лондон бо полониум заҳролуд ва баъд аз муддати кӯтоҳи беморӣ даргузашт. Пас аз он ки давлати Русия ҳозир нашуд тақозои истирдоди муҳимтарин мазнунони ин парвандаро анҷом диҳад, ду кишвар мақомҳои диплумотики якдигарро ихроҷ карданд.

 

Замоне ки Русия дастур дод дафтари "Шӯрои Бритониё", ки дар заминаҳои ҳунарӣ-фарҳангӣ фаъолият дорад, дар Маскав баста шавад, равобити тираи миёни Русия ва Бритониё тиратар шуд. Дар иртибот бо иддаъоҳои ҷосусӣ ва ҳамчунин манофеъи ширкати нафтии Би-Пи дар Русия низ танишҳое вуҷуд доштааст.

 

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз намояндагони порулмони Бритониё аз вазири умури хориҷа хостаанд, ки дар ин сафар мавзӯъи нақзи ҳуқуқи башар дар Русияро бо оқои Лавров матраҳ кунад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854