ДАБИРИ КУЛЛИ СММ ВОРИДИ КОБУЛ ШУД
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар як сафари аз қабл эъломнашуда вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шудааст. Намояндагии сиёсии СММ дар Кобул мегӯяд, Бон Ки Мун дар ин сафар бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади муътаризи интихоботи Афғонистон ва Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури ин кишвар дидор хоҳад кард.
Ин дидор ба дунболи он сурат мегирад, ки Абдуллоҳи Абдуллоҳ тасмими худро барои ширкат накардан дар даври дувуми интихоботи раёстаи ҷумҳурии Афғонистон эълом кард. Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки дар эътироз ба бароварда нашудани шароиташ мабнӣ бар барканории мақомоти аршади кумисиюни интихобот дар даври дувум ширкат намекунад. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоле бо ду рақиби интихоботӣ дар Афғонистон дидор мекунад, ки саволҳои зиёде дар мавриди сарнавишти сиёсии Афғонистон ба вуҷуд омадааст.
Ҳанӯз маълум нест даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки барои ҳафтуми ноябри имсол барномарезӣ шуда, баргузор хоҳад шуд ё на. Саволҳои дигаре низ дар мавриди низоми ояндаи Афғонистон ва масъалаи мушорикати сиёсии ҷиноҳҳои мухталиф дар он вуҷуд дорад.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, оқои Бон дар дидори худ бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ҳомиди Карзай, ба онҳо дар мавриди идомаи ҳимояти ин созмон аз Афғонистон ва мардуми ин кишвар итминон хоҳад дод.
Аммо ба назар мерасад сафари оқои Бон ба Афғонистон дар шароити кунунӣ, аз як сӯ фурсатҳои тозаеро барои ду рақиби интихоботӣ эҷод хоҳад кард ва аз сӯйи дигар саҳнаи гарми музокирот дар мавриди сарнавишти интихоботи Афғонистонро гармтар мекунад.
Би-Би-Си