ДАРГИРИИ ПУЛИСИ ЭРОН БО ТАЗОҲУРГАРОН
Нирӯҳои пулиси Эрон имрӯз дар Теҳрон бо тарафдорони раҳбари мухолифин Мирҳусайн Мӯсавӣ, ки ба хотири таҷлили солгарди 30-юми ҳамла ба сафоратхонаи Амрико ба кӯчаву хиёбонҳо рехта буданд, вориди даргирӣ шуд. Шоҳидон мегӯянд, пулис ба манзури пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурда, шумори зиёде аз эътирозгаронро боздошт кардааст.
Яке аз тазоҳургарон дар сӯҳбат бо Радиои Фардо гуфт: “ Ин нирӯҳо иҷозат намедиҳанд, ки мардум ба самти поён биравад. Теъдодашон хеле зиёд аст. Чизе ки ман алъон мебинам, тақрибан 50 моторсавор аст, ки дар ду сӯи ҷодаҳо истодаанд.” Гурӯҳҳои мухолифин аз тарафдорони худ даъват карданд, алайҳи давлати раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ба тазоҳуроти эътирозӣ бархезанд.
Мухолифин мегӯянд, пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июн бо тақаллуб сурат гирифта буд. Нирӯҳои амниятии Эрон аз қабл мухолифинро ҳушдор дода буданд, ки раҳпаймоиҳои анъанавии рӯзи 3 ноябрро ба манзури роҳандозии эътирозҳои зиддидавлатӣ истифода накунанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳазорон нафар аз тарафдорони давлати Эрон низ имрӯз дар назди сохтмони сафорати басташудаи Амрико дар Теҳрон ба хотири таҷлили солгарди сивуми гаравгонгирии кормандони ин сафорат гирди ҳам омаданд.
Соли 1979 як гурӯҳи донишҷӯёни тундрави эронӣ ба бинои сафорати Амрико ҳамла оварда, ба нишони эътироз ба саркашии Вошингтон аз истирдоди шоҳи барканоршудаи Эрон Ризо Паҳлавӣ 52 корманди сафоратро гаравгон гирифтанд. Ин гаравгонҳо танҳо баъди 444 рӯз раҳо ёфтанд.
«Озодӣ»