13:24:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳадафҳои стратегӣ ва сиёсати Россия дар Афғонистон – II

Аз соли 2008 ба баъд расонидани кумаки иқтисодии Россия ба Афғонистон афзоиш ёфт. Россия кумаки билоиваз ба маблағи 4 млн долл ИМА ва 15 ҳазор тонна гандум ба Афғонистон расонид (9). Дар солҳои 2001-2009 ҳаҷми умумии кумаки башардустонаи Россия ба Афғонистон маблағи 40 млн. долларро ташкил дод (3).

1-afghan-sokhtmon 2014Бо дастгирии Россия Афғонистон ба як идда созмонҳои байналмиллалӣ шомил гардид. Афғонистон ба сифати нозир ба созмони Шанхай пазируфта шуд. Яке аз ҳадафи асосии ҷалби Афғонистон ба созмони Шанхай рушди ҳамкориҳо ва равобити мутақобила бо кишварҳои муштаракулманофеъ ва Чин буд. Новобаста аз сатҳи равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни Россия ва Афғонистон, Россия наметавонад сади роҳи боло рафтани таъсири ИМА дар минтақа гардад.

ИМА қасд доранд ҳузури дарозмуддати низомии худро аз тариқи ташкил намудани пойгоҳҳои "муштарак" дар Афғонистон таъмин менамоянд (10). Чунин дурнамои рушди муносибат миёни ИМА ва Афғонистон сабаби нигаронии зидди Вазорати корҳои хориҷии Россия гардида аст (11). Дар баробари ин дар Москва хуб дарк менамоянд, ки ИМА аз тариқи расонидани кумакҳои бузурги молӣ ба ҳукумати Афғонистон метавонанд таъсири худро дар ин кишвар ва минтақа тақвият бахшад. Аз тарафи дигар Россия дарк намудааст, ки вазъияти Афғонистон аз дигар кишварҳое, ки ИМА дар он ҷойҳо ҳузур дорад, ба таври мисол аз Ироқ ба куллӣ фарқ менамояд. Афғонистон гарчи дар ихтиёри худ захираҳои бузурги табиӣ дошта бошад, вале адами саноати тараққикардаи коркарди онро надорад, ва аз ин лиҳоз ҳукумати Афғонистон наметавонад бидуни кумакҳои моли байналмиллалӣ буҷаи худро ташкил намояд (12).

Россия, аз тарафи дигар, имруз наметавонад аз тариқи истифодаи нерӯҳои сиёсии дохилии Афғонистон ба сиёсати кишвар таъсир расонад. Дар Афғонистон ҳизби сиёсии хаёрхоҳи Россия ва ё нухбагони сиёсии тарафдори Россия амалан вуҷуд надоранд. Кушиш ба роҳ мондани муколамаи ғайримустақим бо нерӯҳои тарафдор ва мухолифи ҳукумат боиси овозаҳо ва нигарониҳо мегарданд.Масалан даъвати чанд нафар коршиносони мустақил барои ширкат дар кори "Ҷаласаи коршиносони Россия-Афғонистон" дар моҳи маи соли 2009 сабаби мутаҳҳам сохтани Россия барои барқарории равобит бо толибон гардида буд. Мухолифони Россия дар дохил ва хориҷ аз Афғонистон Россияро ба он айбдор намуданд, ки гӯё пас аз кушишҳои нокоми наздикшавӣ бо ҳукумати расмии Афғонистон, Россия қасди барқарор намудани иртибот бо мухолифон ва ҳатто бо доираҳои ифрота дорад (13). Ба ҳар ҳол пайдо намудани шарики сиёсӣ дар байни аҳзоби гуногунии Афғонистон барои Россия яке аз масъаламуҳим ба ҳисоб меравад.

Бояд дар назар гирифт, ки дар самти Афғонистон Россия на танҳо ба муқобилияти ИМА ва шарикони сиёсии он, балки бо рақобати қудратҳои минтақавӣ мувозеҳ аст. Ба таври мисол Покистон дар ихтиёри худ воситаҳои қавии таъсиргузор ба маҳзати Толибон дорад (14). Имкониятҳои васеи иқтисодии Чин, Ирон ва Ҳиндустон дар Афғонистон ба ин кишварҳо имконият медиҳад, ки ба ҳаёти сиёсӣ ва равандҳои сиёсии он таъсир расонанд. Дар ин самт, набояд фаромуш намуд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон метавонанд аз тариқи нухтагони сиёсии Афғонистон дар ҳаёти сиёсии он таъсир дошта бошанд.

Дар ҳолати кунунӣ тамоми наздикшавии ҳамкориҳои Россия ва Ҳиндустон дар масъалаи Афғонистон ба мушоҳида мерасад. Ду кишвар барои муайян намудани мавқеи муштарак фаъолият доранд. Дар соли 2011 дар Дехлии Ҷадид ва Москва ҷаласаҳои машваратии коршиносони ду кишвар оид ба Афғонистон доир гардиданд, ки дар ин ҷаласаҳо лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, амали намудани лоиҳаҳои сохтмони бандҳои обии барқ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Имрӯзҳо дар Москва баҳсҳо дар атрофии мавзӯи "навсозӣ"-и ҳадафҳо мақсадҳо ва вазифаҳои сиёсии Россия дар минтақа идома доранд. Шояд мо шоҳиди даст кашидани Россия аз сиёсати "мудофиавӣ"-и нисбат ба Афғонистон, ки мақсади асосии он ба эътидои овардани авзоъ дар кишвар, паст намудани таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба марзҳои кишварҳои пасошуравӣ, ва дастёбӣ ба мавқеи бетарафии Афғонистон мебошад. Мавзӯи боло бурдани таъсири Россия дар ҳаёти сиёсии Афғонистон, ҷалб намудани кишвар дар ҳалли мушкилотҳои минтақавӣ, аз ҷумла паст кардани шиддати рақобат миёни Покистону Ҳиндустон яке аз масъалаҳои баҳсҳои коршиносони масоили сиёсӣ мебошад. Пиёда намудани сиёсати нав дар муқобили Афғонистон зарурияти ҷалби бештари Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақаҳоро ба фаъолият дар чаҳорчубаи ШОС ва ОДКБ ба миён мегузорад, ки барои Россия хеле мушкил хоҳад буд (15).

Амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон ва сиёсати Россия

Россия аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар соли 2001 пуштибони намуда, роҳбарияти он изҳор дошт, ки ташаббускорони  ин амалиёт -ИМА ба Британияи Кабир ба муқобили терроризми байналмиллалӣ, ки амалан душмани Россия буд, мубориза мебаранд (16).

2-afghan-sokhtmon 2014Дар изҳороти муштарак дар бораи ҳамкории зиддитерористӣ аз таърихи 24.05.2002 Россия ва ИМА таъкид сохтанд, ки тарафҳо зарурияти ин мавзӯъро дарк менамоянд.Ҳамзамон дар Москва эъломияи муштарак дар бораи муносибатҳои нави стратегӣ дар миёни Россия ва ИМА ба имзо расид, ки дар он зарурияти эъмори давлати "босубот ва қонунӣ" ва "озод намудани Афғонистон аз толибон" ва "Ал-қоида" таъид гардида буд. (16).

Дар ибтидои солҳои 2000 Россия ба тарафдории мусавабаи Шурои амният СММ дар бораи авзои Афғонистон аз 20 декабри соли 2001 райъ дода, дар амал аз амалиётҳои низомии Россия дар хоки Афғонистон дастгирӣ намуд. Москва на танҳо кумаки башардӯстона ба ҳукумати нави Афғонистон расонид, балки дар ихтиёри ИМА маълумоти ҷосусӣ қарор до два фазои худро барои муборизаи ИМА ба муқобили Толибон боз намуд (17).

Баъдтар, дар рафти амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон миёни Россия ва ИМА мухолифатҳои муайян ба вуҷуд омаданд. Москва наметавонад ҷанбаҳои зерини сиёсати ИМА дар Афғонистонро таҳаммул намояд:

-кушиши истифодаи чораҳои тахмини суббот ва амният дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон барои шомил сохтани Тоҷикистон ба меҳвари таъсири геополитики ИМА;

-кушиши роҳбарияти низомии ИМА дар чаҳорчубаи Неруҳои байналмилалии мусоидати сулҳ дар Афғонистон барои расидан ба мусолиҳаи сиёсӣ бо як идда аз фармондеҳони саҳроии Толибон;

-камфаъолиятӣ ва самараи ночизи муборизаи эътирофи зиддитеррористӣ дар мубориза ба муқобили маводи мухаддир (18).

Бар илова аз ин, Вазорати корҳои хориҷии Россия борҳо нигаронии худро аз қурбон гардидани аҳолии осоишта дар рафти амалиётҳои низомӣ изҳор дошта буд (18). Москва аз камфаъолиятии амалиётҳои низомӣ ба муқобили толибон ва Ал-қоида дар арафаи хориҷ гардидани нерӯҳои байналмилалии мусоидати сулҳ дар Афғонистон дар соли 2014 низ нигаронӣ дорад.

Ҳанӯз новобаста аз мушкилотҳо дар равобит миёни Россия ва ИМА дар самти сиёсати Афғонистон, метавон таъкид намуд, ки манфиатҳои стратегии ду кишвар дар мубориза ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ ва толибон ба ҳам наздиканд.ҳузури ISAFдар минтақа ба Россия имконият медиҳад, ки Россия аз ширкати бевосита дар ҷанг ба муқобили толибон, ки барои Россия ва ИМА таҳдид менамоянд, худдорӣ намоянд.

Мисоли равшани наздик будани манфиатҳои стратегии ИМА ва Россия дар Афонғонистон дар он зоҳир гардида буд, ки баъд аз боло рафтани таҳдидҳои амниятӣ барои таъмини нерӯҳои эътилоф аз тариқи хони Покистон дар соли 2008 Россия барои интиқоми лавозимоти низомӣ аз тариқи хок ва ҳавои худ иҷозат дод.

Қарордод дар бораи интизоми борҳо барои ISAF миёни Россия ва НАТО моҳи апрели 2008 баъд аз ҷаласаи сарони давлатҳои паймон дар шаҳри Бухарест ба имзо расида буд. Иҷозати интизоми борҳои ғайринизомиро аз тариқи хоки худ Украина Узбекистон ва Тоҷикистон низ изҳор доштанд (19).

Аз лиҳози ҳуқуқӣ интиқоли борҳо аз тариқи хоки Руссия тибқи қарордодҳои гузоштаи имзорасида бо ҳамаи кишварҳои аъзои ISAF амалӣ мешавад. Ҳамасола ин қарордодҳо тамдид мегарданд. Тибқи қарордод миёни Россия ва ИМА Россия барои интиқоли борҳои амрикоӣ дар давоми сол барои 4500 парвози тайёраҳо иҷозат медиҳад. Дар давоми истифодаи масири шимолии икмоли неруҳои низомӣ аз тариқи Россия нақши он хеле боло рафт. Мутобиқи маълумотҳои амрикоӣ бештар аз 40% борҳои барои таъмини эҳтиёҷоти ISAFдар Афғонистон аз тариқи масири шимолӣ интиқол меёбад (19).

Дар соли 2012 Россия бо НАТО аҳдномаи нав ба имзо расонид, ки мутобиқи он Россия дар хуруҷи неруҳои низомии ISAFаз Афғонистон кӯмак менамояд. Дар назар дошта шудааст, ки лавозимоти низомӣ, аз ҷумла техникаи низомӣ аз тариқи роҳи ҳавоӣ ба шаҳри Уляновск ва баъд аз тариқи роҳи оҳан ба Иттиҳоди Аврупо интиқол меёбад (20).

Россия интиқоми транзитиро ба нафъи ISAFна ҳамчун қарордоди тиҷоратӣ ва сиёсӣ, балки қисми таркибии ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили терроризм маънидод менамояд. "Ба вуҷуд овардани имконияти интиқоми транзитиро мо ҳамчун кушиши расонидани кумак ба неруҳои эътилоф бо мақсади иҷрои пурраи ваколатҳои онҳо медонем" - таъкид намуд вазири корҳои хориҷии Россия (21).

Раҳматуллоҳ Абдуллоев, корманди Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi