03:15:49 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ислом Каримов, ҷанҷоли Бухоро ва «Манас»

Профессори қирғиз Осмонакун Иброҳимов дар блоги худ ёддоштеро аз ҷашни 1000-солагии достони «Манас» овардааст, ки чӣ тавр раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов дар мавриди Бухоро ба ҳамтои қирғизи худ Аскар Оқоев дарафтода буд. Ва ақидаи худро дар бораи мансубияти қавмии ҳамсари Манас баён медорад.

zebosanam 9658544Ба зеҳни кӣ мерасид, ки мо, академик ва профессорҳои унвондор бузургтарин дурӯғеро таблиғ мекунем, ки аз «кашфиёт»-и нашрияҳои начандон хуб ва манасшиносони дурӯғин баромада, онро на ягон академики калламағз, балки президенти кишвари ҳамсоя, яъне Ислом Каримов фош мекунад, ки аслан филолог нест, балки аз рӯйи таҳсил инженер аст. Вале аз аввалаш сар кунем.

Дар соли 1994 Маҷмаи Умумии СММ, билохира, ба садои мо аз умқи Осиёи Марказӣ гӯш дод ва 1995-ро Соли 1000-солагии достони «Манас» эълон кард. Корим мо омад кард ва ҳатто ҳамсояҳо наметавонистанд, рашки худро ниҳон доранд. Вале чун дар ҳамон СММ Қирғистон тавонист қатъномаи 2200-солагии давлатдории қирғизро дар соли 2002 гузаронад ва 2003 Соли Байнулмилалии Кӯҳҳо эълон шуд, ҳасад батамом ранги худро иваз намуд. Инро ҳам бояд эътироф кард.

Таҷлил ба як рӯйдоди муҳими таърихӣ табдил ёфт ва як навъ муаррифии Қирғизистони мустақил дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд. Вале рӯйдодҳои булаҷаб ҳам дар миён буд ва ҳарчанд ҳодисае, ки мехоҳам нақл кунам, ба таври рӯшан заминаи сиёсӣ дорад, ки нишон дод, шарҳи бепарвоёна ва худбофтаи андеша ва тасвирҳои «Манас» чӣқадар пайомадҳои вазнин дошта метавонанд.

...Ҷаласаи идона идома дошт. Дар толори бузурги Филармонияи давлатӣ меҳмонони зиёде ҳузур доштанд. Аз хориҷа, аз СММ ва дар раёсат президентҳои ҳафт кишвар, Дабири кулли ЮНЕСКО дигар меҳмонони машҳур нишаста буданд. Раисиҷумҳури Қирғизистон Аскар Оқоев дар бораи «Манас» маърӯза кард.  Мисли ҳамеша хеле хуб, бо далелҳои илмӣ. Аммо дар як пайте аз маърӯза, сар аз матн бардошта, шояд барои ҷоннок кардани толор ва ҳамзамон зикри далели башардӯстии Манаси Саховатманд, гуфт, ки ҳамсари қаҳрамони асотирии қирғиз зодаи Бухоро, духтари халқи тоҷик буд. Манзур ин буд, ки дар Бухоро таърихан тоҷикон мезистанд. Мо, ҳама ҳис кардем, ки ин ба раисиҷумҳури Ӯзбакистон хуш наомад. Ва ба ҳама низ маълум буд, ки дар муносибатҳои байни Ислом Каримов ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайванд ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва муносибати Ӯзбакистон ба ин масъала шиддате нуҳуфта буд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон маърӯзаи худро ба поён расонд. Президентҳои дигар, раҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ба минбар баромаданд. Сухан ба раҳбари Ӯзбакистон дода шуд ва моҷарои ҳақиқие сар зад. Ислом Абдуғаниевич матни худро канор гузошта, ба Оқоев рӯй овард ва гуфт:

- Аскар Оқоевич, аз куҷо якбора зани Манас Ханикей тоҷик шуд? Ба кадом асос ин тавр мегӯед? Охир, ӯ духтари ҳақиқии халқи ӯзбак буд, духтари  хони Бухоро! Гӯед, ки кай тоҷик хони Бухоро шудааст?

Ва сар шуда рафт. «Ман аз ин бештарашро ба Шумо мегӯям. Ҳамаи қаҳрамонони бузурги қирғиз духтарони ӯзбакро ба занӣ мегирифтанд. Ҳамсари наздиктарин ҳамнабарди Манас Алмонбет Арууке низ ӯзбак буд!»

Толор меҷӯшид. Ислом Каримов бо эҳсосоти баланд сухани худро итмом дод ва ба назди Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон рафт ва онҳо ҳарду аз толор баромаданд... Ва қариб то поёни ҷаласа Каримов ба ҷои худ барнагашт, ҳарчанд Нурсултон Абишевич дубора ба толор даромад ва суханронии хубе ҳам кард.

Маълум, ки раисиҷумҳури Ӯзбакистон худи ҳамон рӯз, бо баҳонаи кадом корҳои муҳим, ба Тошканд баргашт ва дар тантанаи Талас, ватани Манас ширкат наварзид.

Воқеаи начандон хуше рӯй дод. Дар ҳақиқат, ягон далеле вуҷуд надорад, ки Ханикейи афсонавӣ, «зеборухи фариштаваш ва гандумгун» тоҷик буда, ба лаҳни форсӣҳарф мезад. Пас чунин ривояти шабеҳиилмӣ аз куҷо пайдо шуда, то ҳоло дар дунё давр мезанад?

Таърихи масъала чунин аст: Охири солҳои 70-ми садаи гузашта дар Тоҷикистони он вақт шӯравӣ Рӯзҳои Қирғизистон ҷараён дошт. Дар расми ифтитоҳи онҳо шоир ва ходими маъруфи ҷамъиятии Тоҷикистон, устоди базлу ханда, муаммоҳои гуногун ва хушгӯиҳои олиҷаноб, Мирзо Турсунзода толорро бо сӯҳбатҳои ҷолибе шод гардонд. Бо муроҷиат ба нависандаи ба таври ҳайратовар машҳур ва дӯсташ - Чингиз Торекулович Айтматов вай гуфт, ки таърихи  башар ду Чингизро медонад – яке аз онҳо ҷаҳонро бо шамшер гирифт ва дигаре бо қалам. Кафкӯбиҳо толорро тарконд. Аммо кафкӯбии бештар замоне шуд, ки Мирзо Турсунзода гуфт: «Ҳама достони «Манас»-ро медонанд, яке аз достони бузург ва калонҳаҷм.

Аммо на ҳама медонанд, ки ҳамсари маҳбуби паҳлавон Манас тоҷик буд. Аз Бухоро! Аммо дар Бухоро он вақт кӣ мезист? Бале, тоҷикон! Пас зани Манас Ханикей тоҷикзани ҳақиқӣ буд ва ман мехоҳам, халқи бародари қирғиз ҳамеша инро дар ёд дошта бошад. Ана чӣ риштаҳое, рафиқони азиз, моро бо бародарони қирғиз васл мекунанд!» Толоро ба ваҷд омад, чашми ҳамватанони мо медурахшид, ҳама якҷоя каф мекӯбанд... Телевизиони Қирғизистон ин лаҳзаро борҳо нишон додааст ва умедворам, бисёриҳо, онро дар ёд доранд. Ана, аз куҷо ин афсона ба парвоз даромад.

Он на як бору ду бор, ҳангоми сафари расмии аввалин президент ба Тоҷикистон дар нимаи дувуми солҳои 1990 садо дод. Он ҳамчунин ҳангоми гуфтушуниди сулҳи тоҷикон таҳти сарпарастии Мададхан Шеримқулов, беҳтарин сприкери мамлакат ва дипломати олиҷаноб ва қатъи ҷанг дар кишвари ҳамсоя сари забонҳо буд. Инро дӯстони  тоҷики мо ҳам батакрор зикр мекунанд. Аммо бештар аз ҳама дар ин кор шоираи даорои шӯҳрати ҷаҳонӣ Гулрухсор Сафиева маҳорат дошт ва дар толорҳои гуногун Ханикейро ба шеваи тоҷикӣ Ханука меномид.

Албатта, ин афсона, ба сари худ барои ҳама хушоянд аст ва махсусан барои сиёсатмадорон, ки ба илм ва ҳама чизи дигар аҳамияте намедиҳанд. Барои онҳо муҳимтар аз ҳама мавҷи кафкӯбиҳост ё хушгӯие ба тарафи муқобил, омма ва монанди инҳо. Биноан, аз онҳо ҳатмӣ нест, ки шарҳи матлаб низ пурсида шавад.

Аммо аз зовияи ҷиддӣ ин нукта, албатта, аз ҳама гуна асос маҳрум аст. Бо ин гуфтан намехоҳам, ки Ханикей, тавре ки Ислом Абдуғаниевичи мӯҳтарам таъкид мекард, узбак аст – ин ҳам як афсонаи дигар мебуд. Вале ҳамин кофист, ки гуфта шавад, Манас бо ҳамсари дӯстдошта ва зебои худ мутлақан бе тарҷумон сӯҳбат мекард. Бигзор ин танҳо як ҷузъиёт аст, аммо забони форсӣ ба ҳар ҳол ӯзбакӣ, уйғурӣ ё ҳатто тоторӣ нест. Он тамоман аз оилаи дигари забонҳост ва сарфу наҳву луғати дигар дорад.

Як чиз рӯшан аст – Ханикей ба яке аз гӯишҳои туркӣ сӯҳбат мекард ва ин ягон ҷои шубҳа надорад. Ҳамзамон комилан дуруст аст, ки ҳар хонанда ҳақ дорад, ба таври худ фикр кунад. Ин далели он аст, ки достони  милли мо воқеан бузург ва аз лиҳози маънӣ поённопазир аст. Он уқёнусест ва ҳаққи ҳар кас аст, ки дар он шино карда, ҳар қадар ки дилаш мехоҳад, чизҳои барои худ муфид ва арзандаро пайдо кунад.

Осмонакун Ибраимов, профессор, доктори илмҳои филологӣ

(Ин блог рӯзи 13 август дар торнамои Бахши қирғизии Радиои Озодӣ нашр шудааст)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi