ИНФИҶОР ДАР НАЗДИКИИ ПОЙГОҲИ НАТО ДАР КОБУЛ
Инфиҷори интиҳорӣ дар наздикии як пойгоҳи нерӯҳои НАТО дар шарқи Кобул се сарбози хориҷӣ ва се ғайринизомии афғонро захмӣ кардааст. Дар ҳоле ки дафтари фармондеҳи пулиси Кобул ба Би-би-сӣ гуфта, ки ин инфиҷор талафоте ҳам бар ҷой гузошта, ки омори он ҳанӯз мушаххас нест, вале бархе мақомҳои дигари амниятӣ захмӣ шудани се низомии хориҷӣ ва се шаҳрванди ғайринизомии афғонро таъйид кардаанд.
Нерӯҳои байналмилалӣ то кунун дар мавриди ин воқеъа изҳори назаре накардаанд, ҳарчанд маҳалли инфиҷор дар муҳосираи воҳидҳои низомӣ ва амниятии хориҷӣ ва афғон қарор гирифта, ки хиёбонҳои мунтаҳӣ ба ин маҳалро бастаанд.
Дафтари фармондеҳи пулиси Кобул гуфт, ки инфиҷор дар наздикии пойгоҳи низомиёни хориҷии мавсум ба Фуникс (Phoenix) дар ҷодаи Кобул-Ҷалолобод рӯй додааст. Пойгоҳи Фуникс маҳалли омӯзиши нерӯҳои афғон аст ва он ҷо таҳти назари нерӯҳои омрикоӣ аст. Толибон масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда гирифтаанд, ки як марди вобаста ба ин гурӯҳ бо инфиҷори худрави бумбгузоришудаи худ, чанд сарбози хориҷиро куштааст.
Иддаъои Толибон аз сӯйи мақомҳои амниятӣ ва нерӯҳои хориҷӣ таъйид нашудааст. Ин инфиҷор дар ҳоле гузориш мешавад, ки райзанӣ дар бораи тасмими эҳтимолии давлати Омрико бораи эъзоми нерӯҳои бештари низомӣ дар Омрико идома дорад. Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо мушовирони низомии худ дар бораи эъзом нерӯи бештари низомӣ ба Афғонистон ба гуфтугӯ пардохта ва ба гуфтаи сухангӯйи Кохи Сафед чаҳор гузинаро дар ин маврид баррасӣ кардааст.
Дар айни ҳол, Карл Айкенберӣ, сафири Омрико дар Кобул дар ёддоште маҳрамона ба Кохи Сафед гуфтааст, ки фиристодани нерӯи низомии бештар ба Афғонстон “назари хубе нест". Изҳороти сафири Омрико бо пешниҳоди женерол Станли Мак Кристал, фармондеҳи кулли омрикоии нерӯҳои байналлмилалӣ дар Афғонистон дар таззод аст.
Женерол Мак Кристал пешниҳод кардааст барои хотима додан ба шӯришҳои кунунӣ дар Афғонстон, лозим аст то 40 ҳазор нерӯи тозанафаси омрикоӣ ба Афғонстон фирстода шаванд. Вазорати дифоъи Афғонистон ҳам гуфтааст, ки ин кишвар дастикам то чаҳор соли дигар ба ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ барои муқобила бо шӯршиён ниёзманд аст.
Би-Би-Си