02:47:59 04-уми Июни 2025 сол

ЛАҲЗАИ МУҲИМЕ ДАР ТАЪРИХИ АФҒОНИСТОН

Ҳилори Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико, дар остонаи маросими таҳлифи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст ин кишвар дар лаҳзаи муҳиме аз таърихи худ қарор дорад.

 

Хонум Клинтун, ки вориди Кобул шудааст, гуфт Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, аз ин фурсат бархурдор аст, то нишон диҳад, ки барои беҳбуди зиндагии шаҳрвандони ин кишвар азм дорад. Оқои Карзай дар пайи интихоботи ҷанҷолии моҳи август дар пайи канорагирии Абдуллоҳи Абдуллоҳ, рақиби аслии худ аз давраи дувуми интихобот барои бори дувум ба раёсати ҷумҳурии Афғонистон интихоб шуд.

 

Оқои Карзай бо фишори физояндаи давлатҳои ғарбӣ барои муқобила бо фасоди идорӣ дар ин кишвар мувоҷеҳ шудааст. Хабарнигорон мегӯянд раҳбарони кишварҳои ғарбӣ умедворанд Ҳомиди Карзай дар суханронии худ дар маросими таҳлиф бар таъаҳҳуди худ барои анҷоми ислоҳот таъкид кунад.

 

Хонум Клинтун, ки дар ҷамъи коркунони сафоратхонаи Омрико дар Кобул суҳбат мекард, гуфт: “Мо дар лаҳзаи муҳиме дар остонаи оғози давраи дувуми раёсати ҷумҳурии оқои Карзай қарор дорем.” Хонум Клинтун ҳамчунин бар азми Омрико барои бархӯрдории равобити мустаҳкам бо давлат ва мардуми Афғонистон таъкид кард.

 

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико низ пештар бар аҳамияти муқобила бо фасод дар Афғонистон таъкид карда буд ва хонум Клинтун ҳам ҳушдор дода буд дар сурати адами бартараф шудани ин мушкил ирсоли кумакҳои ғайринизомӣ ба ин кишвар идома нахоҳад дошт.

 

Хонум Клинтун дар ҳоле барои ширкат дар маросими таҳлифи оқои Карзай ба Кобул сафар кардааст, ки давлати Убомо дар ҳоли баррасии эҳтимоли афзоиши ҳузури низомии Омрико дар Афғонистон аст. Оқои Убомо мегӯяд базудӣ тасмими худро дар ин бора эълом мекунад.

 

Ким Ғатос, хабарнигори Би-би-сӣ, ки ба ҳамроҳи хонум Клинтун ба Кобул сафар кардааст, мегӯяд ҳузури Ҳилори Клинтун дар Кобул дар остонаи маросими таҳлифи оқои Карзай ҳимояте гӯё аз ӯст.

 

Таҳлилгарон мегӯянд давлатҳои ғарбӣ медонанд дар шароити кунунӣ ба ғайр аз ҳимоят аз Ҳомиди Карзай гузинаи дигаре надоранд ва ғайри ин сурат шароит бадтар хоҳад шуд. Дар ин ҳол, бо сахт шудани шароит дар Афғонистон ва афзоиши талафоти низомиёни ғарбӣ дар ин кишвар, фишори давлатҳои ин кишварҳо бар ҳомиди Карзай афзоиш ёфтааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854