03:03:44 04-уми Июни 2025 сол

ИТТИҲОДИ АВРУПО ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ КАРД

 

Иттиҳоди Аврупо бори аввал дар таърихи хеш соҳиби президент шуд. Раҳбарони ИА Ҳерман Ван Ромпуӣ, нахуствазири Белгияро, президенти Иттиҳоди Аврупо ва Катрин Аштон, комиссионери корҳои тиҷорати иттиҳодро, раҳбари идораи умури сиёсиии Иттиҳоди Аврупо баргузиданд.

 

Доир ба интихоби мазкур, Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, дар ҳамоиши сарони иттиҳод дар шаҳри Брюссел эълом дод. Гордон Браун дар аввал мехост, то Тонӣ Блер, нахуствазири собиқи кишвараш президенти Иттиҳоди Аврупо интихоб шавад, аммо баъдан аз ин раъйаш даст кашида, Катрин Аштон намояндаи кишварашро ба мақоми раҳбари идораи сиёсатгузориҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо пешбарӣ намуд.

 

Ду мақоми нав дар Иттиҳоди Аврупо бар асоси Аҳдномаи Лиссабон таъсис шуданд, то нақши иттиҳод дар саҳнаи ҷаҳониро барҷастатар нишон бидиҳад. Аҳдномаи мазкур моҳи оянда ҳукми иҷро хоҳад гирифт.

 

«Озодӣ»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854