22:06:10 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲИМОЯТИ БРАЗИЛИЯ АЗ БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ЭРОН

Бразил бори дигар бар ҳимояти худ дар хусуси дастёбии Эрон ба энержии ҳастаии сулҳомез таъкид кард, аммо аз Эрон хостааст, ки барои расидан ба роҳи ҳалле “мунсифона ва одилона” бо Ғарб музокира кунад.

Луис Иносиу Лула де Силва, раиси ҷумҳурии Бразил, ки дар ҳоли ҳозир мизбони Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон аст, аз талоши Ғарб барои мунзавӣ кардани Эрон ба далели барномаҳои ҳастаиаш интиқод кард. Аммо оқои Лула аз оқои Аҳмадинажод хостааст, ки бо Ғарб муъомила дошта бошад. Қудратҳои ғарбӣ бар ин боваранд, ки Эрон бар хилофи он чи иддаъо мекунад, дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст.

Ин нахустин сафари як раиси ҷумҳури эронӣ ба Бразил аст; кишваре, ки равобити наздик бо Омрико, Исройил ва дигар кишварҳое, ки хоҳони таваққуфи барномаи ҳастаии Эрон ҳастанд, дорад. Бо ин ҳол оқои Лула мухолифи эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Эрон аст ва муътақид аст диплумосӣ бояд ҷойгузини ин таҳримҳо шавад.

Ӯ дар як нишасти матбуъотии муштарак бо оқои Аҳмадинажод гуфт: “Мо ҳаққи Эронро барои дастёбӣ ба энержии ҳастаии сулҳомез, ки мутобиқ бо қонунҳои байналмилалӣ бошад, ба расмият мешиносем.”

Эрон барои таъмини сӯхти реоктури таҳқиқотии Теҳрон ниёзманди сӯхти ҳастаӣ аст ва барои ҳалли муноқишаи ҳастаии Эрон, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, пешниҳоди мубодилаи сӯхтро ба Эрон ироа карда, ки Эрон ҳанӯз посухи расмӣ ба он надодааст.

Тибқи тарҳе, ки Ожонс ироа карда ва Русия, Омрико ва Фаронса аз он ҳимоят кардаанд, Эрон 1200 килуграм урониюми бо ғализии пойин (ҳафтоду панҷ дарсади урониюми тавлидӣ)-и худро бояд ба Русия бифиристад, то бештар ғанисозӣ шавад.

Сафари оқои Аҳмадинажод ба Бразил бо интиқоди Исройил ва баъзе аз аъзои Конгреси Омрико рӯбарӯ будааст. Оқои Аҳмадинажод, ки гуфта мешавад ҳамроҳ бо ҳайъате, аз ҷумла 200 бозаргони эронӣ ба Бразил рафта, қарор аст дар тӯли ин сафар чанд муъоҳидаи тиҷорӣ бо ин кишвар имзо кунад. Ҳаҷми мубодилоти ду кишвар ҳамакнун беш аз 2 милёрд дулор дар сол аст.

Маҳмуди Аҳмадинажод ахиран гуфтааст, ки равобити ду кишвар бояд густариш ёбад ва шомили ҳамкориҳои атомӣ низ бишавад. Давлати Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо фишор аз сӯйи шуморе аз кишварҳои урупоӣ мувоҷеҳ аст ва ҳадафи таҳримҳои Шӯрои Амният низ қарор гирифта, кӯшидааст бо густариши равобити худ бо кишварҳое, ки аз ин иқдом истиқбол мекунанд, ҳузури байналмилалии худро тақвият кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи пеш Шимон Перес, раиси ҷумҳурии Исройил барои хунсо кардани нуфузи рӯ ба рушди Эрон дар Омрикои Лотин , дуруст пеш аз сафари оқои Аҳмадинажод ба Бразил ва Венезуело, ба ин минтақа сафар кард.

Оқои Перез дар Оржонтин (Аргентина) хитоб ба мақомҳои кишварҳои Омрикои Лотин ба таъна гуфт: “Агар мехоҳед бо онҳо (Эрон ва Венезеуло) равобити хубе дошта бошед, ҳавосатон бошад, ки онҳо мусофирони муваққатӣ ҳастанд ва равобити шумо кутоҳмуддат хоҳад буд, пас хеле вақтатонро талаф накунед.”

Ӯ дар бораи Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳугу Човез гуфта буд: “Ҳеҷ кадом аз онҳо давом намеоваранд, на ба ин далел, ки яке аз мо онҳоро мекушад, балки ба ин далел, ки мардумашон аз онҳо хаста мешаванд.”

Дар остонаи сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Бразил рӯзи якшанбе садҳо нафар намояндагони гурӯҳҳои гуногуне ҳамчун масеҳиёни инҷилӣ, яҳудиён ва созмонҳои зиддинажодпарастӣ дар эътироз ба ҳузури оқои Аҳмадинажод дар ин кишвар, дар шаҳри Риодеженеро даст ба тазоҳурот заданд.

Би-Би-Си

Новый слой...
Новый слой...
Новый слой...Святой22:36:09


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi