03:21:09 04-уми Июни 2025 сол

АЛБАРОДАӢ: ПЕШНИҲОДИ ЭРОН ҚОБИЛИ ПАЗИРИШ НЕСТ

Муҳаммад Албародаӣ, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ мегӯяд, дархости Эрон барои тағйири пешниҳоди ироашуда ба василаи ин созмон барои поёни таниш миёни ин кишвар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ғайри қобили пазириш аст. Ба гуфтаи оқои Албародаӣ, дархости Эрон ба ин маънӣ аст, ки ин кишвар ҳаҷми бештаре аз урониюми ғанишудаи худро нигаҳ хоҳад дошт ва хатари имкони табдили ин маводд ба маводди атомии мавриди ниёз барои сохти таслиҳоти атумӣ аз байн намеравад.

 

Оқои Албародаӣ ки бо хабаргузории Ройтерз мусоҳиба мекард, аз кишварҳои ғрбӣ хост дар баробари Эрон сабр ба харҷ бидиҳанд, то ин кишвар мавзеъи худро дар баробари тарҳи Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ мушаххас кунад, зеро барномаи ҳастаии ин кишвар як таҳдиди зудрас нест.

 

Раёсати оқои Албародаӣ бар Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ ҷаҳор рӯзи дигар ба поён мерасад. Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ моҳи гузашта тарҳеро барои поёни таниш миёни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ ироа кард, ки бар асоси он Эрон 75 дарсад аз урониюми ғанишудаи худро бо сухти ҳастаӣ таъвиз мекунад.

 

Эрон мегӯяд, то замоне сухти ҳастаиро дарёфт накунад, урониюми ғанишудаи худро мубодила нахоҳад кард. Ин мавзӯъ ба монеъе дар иҷрои тарҳи оқои Албародаӣ табдил шудааст.

 

Оқои Албародаӣ ҳамчунин таъкид кард, бозрасони байналмилалӣ санаде, ки баёнгари вуҷуди таъсисоти ҳастаии махфии дигаре дар Эрон бошадро дар ихтиёр надоранд, вале гуфт, моҳияти таъсисоти ғанисозӣ дар наздикии Қум ба гунае аст, ки тавҷеҳи ғайринизомӣ ва низомӣ надорад ва ин мавзӯъ ба биэътимодии ҷаҳонӣ ба барномаи атомии Эрон афзудааст.

 

Ба гуфтаи ӯ афзоиши таҳримҳои Эрон иқдоми муфиде нахоҳад буд. Оқои Албародаӣ гуфт: “Онҳо (Эрон) ҳозир ҳастанд маводди худро дар яке аз Ҷазоири Халиҷи Форс дар ихтиёри Ожонси Байналмилалии Инержии Атумӣ қарор диҳанд, вале ман ба онҳо гуфтаам, барои поён додан ба таниш ин маводд бояд аз Эрон хориҷ шавад.”

 

Ӯ идома дод: “То онҷое, ки мавриди назари кишварҳои ғарбӣ аст, фикр накунам, посухи Эрон ба пешниҳоди ироашуда қобили иҷро бошад.” Оқои Албародаӣ мегӯяд, ҳамчунон дар ҳоли талош барои поён додан ба ин таниш аст, вале эрониҳо ҳанӯз ба пешниҳоди ӯ посухи қатъӣ надодаанд.

 

Оқои Албародаӣ гуфт: “То замоне, ки Убомо посухи қобили баррасиро аз Эрон дарёфт накунад, ӯ қодир ба идомаи ибтикори амали худ (барои ташаннуҷзудоии ҳастаӣ) нахоҳад буд.... вале ман даст аз талош намекашам.”

 

Муҳаммад Албародаӣ, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854