12:51:36 01-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ ЭРОН БА МАГАТЭ

Баъд аз он, ки Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) Эронро барои пинҳонӣ бунёд кардани як корхонаи ғанисозии ураниум интиқод кард, Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон, ҳушдор дод, ки кишвараш метавонад ҳамкорӣ бо ин оҷонсро ба таври ҷиддӣ коҳиш диҳад.

 

Зимни суханронӣ дар порлумон Алӣ Лориҷонӣ гуфт, агар фишори бо ҳидояти Ғарб идома кунад, Эрон мизони муколамааш бо Оҷонси байнулмилалии энержии атомиро бознигарӣ хоҳад кард ва ин коҳиши муколама ҳам "бисёр ҷиддӣ" хоҳад буд. Оҷонси мазкур рӯзи ҷумъа бо судури қатъномае аз Эрон хост, то бунёди корхонаи чанде пеш ошкоршудаи ғанисозии ураниум дар наздикии Қум ва фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро мутаваққиф кунад.

 

Порлумони Эрон ҳамин рӯз дар мавриди посух ба интиқодиОҷонси байнулмилалии энержии атомӣ баҳс хоҳад кард. Алӣ Асғар Султония – намояндаи Эрон дар Оҷонс гуфт, Эрон бо вуҷуди иқдомоти ин ниҳод ва Шӯрои Амният ва ё ҳатто таҳдиди ҳамла ба таъсисоти атомиаш фаъолиятҳои ҳастаиашро идома хоҳад дод.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854